Ovozi.uz

Беҳтарин китобхонҳои ҷавони Самарқанд

Дар Самарқанд марҳилаи вилоятии озмуни «Китобхони ҷавон», ки дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» ҷараён дорад, баргузор гардид.

Дар он ҷо ғолибони марҳилаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии озмун дар се тоифаи синну сол бори дигар дониш ва маҳорати тафаккури худро санҷиданд.

— Озмунҳое аз қабили “Китобхони ҷавон”, “Беҳтарин оилаи китобхон” муҳаббат ва таваҷҷуҳи мардуми мо, бахусус ҷавононро ба китоб боз ҳам афзун гардонд, — мегӯяд сарвари шуъбаи Агентии кор бо ҷавонони вилояти Самарқанд Олимҷон Эшқулов. — Дар марҳилаи ниҳоии ин озмунҳо ғолиб шуда, бо тӯҳфаи Президент — мошини сабукрав сарфароз гаштани ҷавонписарону ҷавондухтарон ва оилаҳои китобхон, сафи китобхонҳоро боз ҳам васеътар намуд. Аз ин рӯ, доираи озмуни «Китобхони ҷавон», ки зимни «Олимпиадаи панҷ ташаббус» бо иштироки ҷавонони маҳаллӣ баргузор мегардад, сол то сол васеъ шуда, бо баҳсу мунозираҳои шадид мегузарад. Ин дафъа дар вилояти мо марҳилаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии озмун бо иштироки фаъолонаи чавонон ташкил карда шуд. Ҷавонони зирак ва китобдӯст ғолиб омада, ба марҳилаи вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Иштирокчиёни озмун аз рӯи китобҳои таъиншуда ба саволҳо ҷавоб дода, фаҳмиши худро оид ба мазмуну моҳияти китобҳо нишон доданд. Ҷавобҳои онҳоро ҳайати доварон, ки аз адабиётшиносони маъруф ва эҷодкорон иборат аст, арзёбӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаи ҷамъбастӣ, сокини маҳаллаи Халқободи ноҳияи Нуробод Гулмира Норпулатова дар байни 10-14-солаҳо ҷойи аввал, Моҳинур Мухторова, ки аз маҳаллаи Қӯрғончаи ҳамин ноҳия мебошад, дар байни 15-19-солаҳо Мухлиса Очилова, намояндаи маҳаллаи Амир Темури шаҳри Каттақӯрғон ҷойи аввалро соҳиб шуданд ба марҳилаи ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби ташкилотчиён ҳавасманд гардонида шуданд.