Дар шаҳри Самарқанд рӯзи 26‑уми август маросими кушодашавии Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор гардид.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекисон Шавкат Мирзиёев нутқ эрод намуда, иштирокдорон ва меҳмонони фестивалро табрик гуфт ва оид ба мазмуну моҳият ва аҳамияти фестивал дар таъмини сулҳ дар ҷаҳон ва ҳамоҳангии байналмилалӣ ҳарф зад.
— Ин анҷумане, ки бори сенздаҳум гузаронида мешавад, ҳарчанд «Таронаҳои Шарқ» номида шавад ҳам, имрӯз аз ҷиҳати моҳият ба «Таронаҳои ҷаҳон» табдил ёфтааст, — гуфт роҳбари кишварамон. — Ин ҳақиқатро иштирок кардани вакилони 31 кишвар дар фестивали аввал ва аз ҳамаи қитъаҳо иштирок кардани вакилони қариб 80 кишвар ва зиёда аз 400 нафар санъаткору олимон дар фестивали имсола собит мекунад. Дар замони ноором ва пуртаҳликаи имрӯза нигоҳ доштани арзишҳои асосӣ ва қиёфаи инсонӣ торафт мушкил мешавад. Дар чунин вазъияти ногувор санъат, мусиқӣ ва адабиёти аслӣ, ки аз сарчашмаҳои илоҳӣ нерӯ гирифта, берун аз сарҳади вақту макон ғояҳои инсонпарвариро тараннум мекунанд, зарур аст, ки чун нерӯи халоскор ба майдон оянд. Аз ин ҷиҳат, «Таронаҳои Шарқ» шуҳрати ҷаҳонӣ меёбад ва эътироф мегардад.
Таъкид гардид, ки халқи мо аз азал ба санъат меҳру ихлоси хоса мегузорад ва онро қуввати рӯҳи инсон медонад. Мутафаккирони Шарқ оид ба илм ва таърихи мусиқӣ, санъати мақом ва созҳои мусиқӣ асарҳои нодир таълиф намудаанд. Ҳамаи мо ворисони ҳамин гуна мероси фарҳангии абадзинда мебошем.
Президенти кишвар дар давоми суханронии худ зикр намуд, ки вақти офаридани энсиклопедияи алоҳида ва шакли виртуалии он — платфорамаи ахбории бисёршабакаӣ расидааст, ки дар худ маълумотҳои доир ба таърих ва анъанаҳои фестивали «Таронаҳои Шарқ» ва маданияти мусиқии ғанӣ ва рангоранги Шарқро муҷассам карда бошад.
Ғайр аз ин, президентамон таклиф дод, ки бо назардошти таҷрибаи эҷобии ташаккулёфтаи диёрамон, бо мақсади боз ҳам зиёд намудани миқёс ва ҷозибаи фестивал, «Клуби дӯстон»-и байналмилалии фестивали «Таронаҳои Шарқ» ташкил, инчунин, бо иштироки ғолиб ва ҷоизадорони фестивал дар саҳнаҳои бонуфузи кишварҳои ҷаҳон барномаҳои консертӣ намоиш дода шавад.
Дар ҷараёни маросими кушодашавӣ суруду мусиқиҳои миллӣ, дурдонаҳои санъати мусиқӣ ва сарояндагони ҷаҳон садо доданд. Аз ҷумла, савту суруди ҳунарпешагони мардумии Ӯзбекистон Тоҳир Қӯзиев, Мардон Мавлонов, Севара Назархон, Муноҷот Йӯлчиева, Гулсанам Мамазоитова, Юлдуз Усмонова ва дигарон ба ҳозирин кайфияти болида бахшид. Маросим бо мушакпарониҳои давомдор хотима ёфт.
Санаи 27‑уми август озмуни иштирокдорон дар доираи фестивал оғоз гардид. Озмун аз 27 то 29‑уми август давом мекунад. Маҳорати иштирокдорон аз ҷониби ҳайати байналмилалӣ аз рӯи самтҳои савту сурудҳои халқии мумтоз ва замонавӣ баҳогузорӣ мешавад. Рӯзи 30‑юми август маросими мукофотонидани ғолиб ва ҷоизадорони фестивал ва бо иштироки онҳо барномаи консертӣ баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки мукофоти олии фестивали «Таронаҳои шарқ» 10 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, онро соли 1997 Симара Имонова (Озарбойҷон), соли 1999 Насиба Сатторова (Ӯзбекистон), соли 2003 ансамбли «Uranhay» (Русия, Ҷумҳурии Тува), соли 2007 гурӯҳи мусиқии «Қувайт» (Қувайт), соли 2009 Лале Бегназарова (Туркманистон), соли 2011 гурӯҳи мусиқии «Лидер» (Русия), соли 2013 Рашмия Агарвал (Ҳиндустон), соли 2015 оркестри «Jangsu» (Хитой), соли 2017 Соҳиб Пошшозода (Озарбойҷон) ва соли 2019 Меҳрнигор Абдурашидова (Ӯзбекистон) ба даст оварданд.
Иштирокдорони фестивал ғайр аз иштирок дар озмун, дар шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Самарқанд, Пайариқ, Оқдарё, Тайлоқ ва Пастдарғам барномаҳои консертӣ мегузаронанд. Дар доираи фестивал дар толори намоишии филиали Академияи бадеии Ӯзбекистон дар Самарқанд намоишгоҳи асбобҳои мусиқии миллӣ кушода мешавад. Иштирокдор ва меҳмонони ҷашни санъат имкони зиёрати обидаҳои таърихии ноёби Самарқанд, дидани бозорҳои фаровон, корҳои бунёдкорӣ ва шиносоӣ бо анъанаҳои мардуми меҳмондӯсти моро пайдо менамоянд.
Рӯзи 27‑уми август дар доираи фестивал аз рӯи мавзӯи «Маданияти мусиқии халқҳои Шарқ: тамоюлҳои ҳамоҳангии эҷодӣ дар ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ» анҷумани илмӣ-амалии байналмилалӣ низ доир гардид. Дар он аз 32 кишвари ҷаҳон зиёда аз 50 нафар донишмандони мусиқишинос, олимони марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, профессор-устодони муассисаҳои таълими олии самти мусиқӣ ва пажӯҳишгарон иштирок карданд.
Ғайр аз ин, дар анҷуман Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, ҷонишини директори Маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО Ҷоти Висвесвария, саркотиби созмони ТУРКСОЙ Султон Раев, президенти хазинаи фарҳанг ва мероси туркӣ Актоти Раимқулова, ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаровҳо ширкат доштанд.
Дар давоми анҷуман якчанд резолютсияҳо қабул ва меморандумҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд.
Анҷумани имсола бо тафовут аз анҷуманҳои қаблӣ ба се шӯъба тақсим шуда, фаъолият мебарад. Дар давоми маҷлисҳои шӯъба савтҳои мумтози миллӣ, намунаҳои мақом ва асарҳои дурдонаи халқамон аз ҷониби ҳунарпешагони маъруф иҷро гардида, дарсҳои маҳорат ташкил карда мешаванд. Инчунин, дар давоми конференсия бори нахуст гузаронидани ҷамъомади Иттифоқи донишгоҳҳои санъат ва мусиқии ҷаҳони туркӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳ.СОДИҚОВ.
