Ovozi.uz

Эътирофи меҳнати фидокорона

Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ дар вилоятамон васеъ истиқбол гирифта шуд. Чорабиниҳои идона дар кинотеатри «Шарқ юлдузи»-и шаҳр бо намоиши филми бадеӣ-­таърихии «Баҳодур Ялангтӯш» оғоз гардид.
Сипас, журналистону рӯзноманигорон, блогерону котибони матбуоти корхонаву ташкилотҳо ва собиқадорони соҳа дар маросими мутантан, ки бо ибтикори ҳокимияти вилоят ташкил гардид, иштирок карданд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов иштирокдорони чорабиниро бо иди касбӣ табрик карда, меҳнати онҳоро эътироф намуд.
— Васоити ахбори оммавиро бесабаб «ҳокимияти чорум» намегӯянд, — гуфт ӯ. — Чунки дар хабардор кардани халқ бо фаъолияти органҳои ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ аҳамияти васоити ахбори оммавӣ беназир аст. Хусусан, барои хабардор кардани мардум аз сиёсати кушод ва халқонае, ки солҳои охир дар мамлакатамон амалӣ мегардад ва дар таъмини иштироки фаъоли мардум дар ин раванд хидмати кормандони соҳа назаррас аст. Тавре дар табрики Президенти кишварамон зикр гардид, шумо бо ҷойгоҳи қатъӣ ва сухани рости худ дар ҳал намудани муаммоҳои мубрами ҳаёти мо, дар афзунгардии самараи ислоҳот ва баланд бардоштани андешаву ҷаҳонбинии ҳамватанонамон ҳиссаи муносиб мегузоред.
Дар чорабинӣ як гурӯҳ журналистон, ходимони хидмати ахборӣ ва ноширон бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳои қиматбаҳои ҳокимияти вилоят сарфароз гардиданд.
Инчунин, ба даҳ нафар ғолибони озмуни «Фаъолтарин журналисти Самарқанд», ки таҳти ҳамкории ҳокимияти вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ва Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят гузаронида шуд, диплом ва тӯҳфаҳо супорида шуданд.
— Ҷашни имсола барои ман хеле хотирмон гузашт, — гуфт мухбири махсуси телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд Замон Эшонқулов. — Нахуст, бо фармони Президенти кишварамон бо мукофоти давлатии бузург — медали «Шуҳрат» мукофотонида шудам. Ғайр аз ин, дар қатори фаъолтарин журналистони вилоят эътироф гардидам. Албатта, дар оянда барои муносиб шудан ба ин боварӣ, инчунин барои нишон додани ҷараёнҳои ислоҳоте, ки дар вилоятамон амалӣ мешаванд ва рафъ кардани муаммо ва камбудиҳои ин раванд боз ҳам фаъолтар ҳаракат мекунам.
Журналистони фаъоли Самарқанд маълум гардиданд
Мувофиқи хулосаи ҳайати раёсати шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон дар озмуни «Фаъолтарин журналисти Самарқанд», ки ба таври анъанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ва Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят гузаронида мешавад, инҳо ғолиб гардиданд:
Дар самти нашрияҳои чопӣ
Баротов Асқарҷон Орзиқулович
— мухбири рӯзномаи вилоятии «Зарафшон»;
Юлдошев Фаридун Фарҳодович — котиби масъули рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд»;
Мусурмонов Беҳзод Эркинович — мухбири рӯзномаи «Самарқанд»-и шаҳри Самарқанд;
Қувондиқов Зоҳид Назарович — мухбири рӯзномаи «Навқирон Нарпай»-и ноҳияи Нарпай;
Низомова Муниса Наҷмиддин қизи — мухбири рӯзномаи «Самарқанд ёшлари»-и шаҳри Самарқанд.
Дар самти телевизион
Эшонқулов Замон Асрорович
— мухбири махсуси телерадиокомпанияи вилоят, хабарнигори вилоятии телевизиони «Спорт»;
Дар самти радио
Тоғаева Зебинисо Муртазоевна — муҳаррири дараҷаи якуми радиошунавонии телерадиокомпанияи вилоят;
Дар самти хизмати ахбор
Саъдуллоев Ҷаҳонгир Аҳмадҷон ӯғли
— роҳбари хадамоти ахбори Садорати корҳои дохилии вилоят — котиби матбуотии роҳбари Садорати корҳои дохилӣ;
Дар самти фотожурналистика
Элтоев Ҳусан Фазлиддинович
— мухбири ҷамоатии рӯзномаҳои вилоятӣ.
Рағбатноккунанда
Йӯлдошев Абдулазиз Абдуназарович
— мухбири рӯзномаи «Халқ сӯзи» дар вилоят;
Сайфуллоев Соҳибҷон Сайд­аҳмадович — фотомухбири рӯзномаи «Ҷомбой тонги»-и ноҳияи Ҷомбой.