Аъзои ҳайати вакилонро бо сардории ҷонишини Раиси ҳукумати Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Федератсияи Русия К.Борисов ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов пешвоз гирифт.
Дар ҳокимияти вилоят бо аъзои ҳайат мулоқоти расмӣ баргузор гардид. Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳо байни ду минтақа баррасӣ шуд.
Миёни Ёқутистон ва Ӯзбекистон на танҳо дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, таълим, фарҳанг, балки дар соҳаи сайёҳӣ низ равобити наздик барқарор шуда, дар чаҳорчӯби форуми сайёҳӣ, ки моҳи октябри соли 2024 дар Ёқутистон гузашт, созишномаҳо оид ба рушди ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ба имзо расида буданд.
Дар давоми мулоқоти мазкур масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки сарватҳои табиию фарҳангии Ёқутистон ва мероси ғании таърихии Самарқанд барои рушди табодули сайёҳии мутақобила имкони бузург фароҳам меорад. Ҷонибҳо оид ба ташкили чорабиниҳои муштарак дар соҳаи сайёҳӣ ва афзоиши гардиши сайёҳон дар оянда табодули афкор намуданд.
