Ovozi.uz

Ҷомбой: ноҳияро чӣ тағйирот интизор аст?

Бар асоси Қарори Сарвари давлатамон аз 27‑уми декабри соли 2025 «Дар бораи боз ҳам суръат бахшидани чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Самарқанд» вазифаҳои афзалиятнок барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳои вилоятамон дар соли 2026 таҳия карда шуданд. Ҳокимон ин барномаҳоро ба сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод намуданд ва онҳо тасдиқ гардиданд.

Аз ҷумла, Шӯрои намояндагони халқи вилоят барномаи чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷомбойро дар соли 2026 пазируфт.

Мувофиқи барнома, дар бахши саноат татбиқи 21 лоиҳаи нав ба маблағи умумии 82,4 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 6 447,8 миллиард сӯм (109 дарсад) афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин, дар соли 2026 дар доираи барномаҳои сармоягузорӣ 41 лоиҳа амалӣ карда мешавад, ки арзиши умумии онҳо 1094,3 миллиард сӯмро ташкил медиҳанд ва таъсиси 731 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, аз худ кардани сармоягузории хориҷии 127,3 миллион долларина (102,3 миллион доллар мақсаднок, 25,0 миллион доллар ояндадор) низ пешбинӣ шудааст.

Дар ин робита, давоми сол ҳайати ноҳия ба давлатҳои Россия, Хитой ва Кореяи Ҷанубӣ сафар хоҳад кард.

Соли равон дар соҳаи хидматрасонӣ суръати рушд ба 2 432,5 миллиард сӯм (119,8 дарсад) расонида шуда, ба истифода супурдани 4 лоиҳаи бузург, аз ҷумла роҳандозии фаъолияти ҶММ «SAG-AL-BUKHARI», ҶММ «SHUXRAT-FIRDAVS GARANT EKSPORT», Соҳибкории тарзи яккаи (СТЯ) «XAKIMOVA SABINA MURATOVNA», СТЯ «RADJABOV JASUR FURKATOVICH» ва бо нерӯи тамом фаъолият пеш бурдани корхонаҳои тиҷоратӣ ва хидматрасонии дигар таъмин карда мешаванд.

Иҷрои нақшаи прогнозии ба 331,3 миллиард сӯм расонидани даромадҳои буҷети умумии ноҳия низ таъмин хоҳад шуд.

— Сатҳи камбизоатӣ аз 3 дарсад ба ҳудуди холӣ аз камбизоатӣ табдил меёбад, — гуфт ҷонишини якуми ҳокими ноҳия Ш.Ҳасанов. — 1213 оила ва 5300 нафар узви онҳо ба воситаи хидматҳое, ки нишон медиҳанд, аз камбизоатӣ берун карда мешаванд. Вобаста ба таъмини шуғли аҳолӣ лоиҳаи «Мақомоти шуғл — ҳамкори кордиҳандагон» роҳандозӣ гардида, 727 нафар аҳолӣ бо шуғл таъмин хоҳанд шуд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «Зани меҳнатдӯст» шуғли 478 нафар занону духтароне, ки фарзанди аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол, ногироидошта ва узви оилаи беморро парвариш мекунанд, инчунин ба воситаи барномаи «Имкони баробар — шуғли инклюзивӣ» шуғли 192 нафар шахсони ногироидошта таъмин мегарданд. Дар доираи барномаи «Сӯи ояндаи барқарор», 1 ҳазору 160 нафар ҷавонон соҳиби кор ва манбаи даромади доимӣ мешаванд.

Мувофиқи барнома, дар бахши кишоварзӣ ба даст овардани 72,2 ҳазор тонна дон дар майдони 8,8 ҳазор гектар, 132 ҳазор тонна картошка дар майдони 6,6 ҳазор гектар, 80 ҳазор тонна сабзавот дар майдони 4,0 ҳазор гектар ва 60 ҳазор тонна мева дар майдони 4 ҳазор гектар ба нақша гирифта шудааст.

Дар бахши чорводорӣ истеҳсоли 16 ҳазор тонна гӯшт, 98 ҳазор тонна шир, 105,4 миллион дона тухм ва ба 104 ҳазор сар расонидани шумораи чорвои калон дар нақша аст.

Аз салоҳияти истеҳсолӣ ва содиротии ноҳия самаранок истифода намуда, маҳсулоти 115,5 миллион долларина экспорт карда мешавад. Дар баробари ин, ба воситаи 7 лоиҳае, ки ба барномаи маҳаллисозӣ ворид гардидаанд, маҳсулоти 69,5 миллиард сӯмина, ки ҷойгузини воридот мешаванд, истеҳсол мегардад. Аз ҷумла, дар мавзеи «Назар»-и минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» дар 8 гектар замин лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ҷойгузини импорт ва экспортбоб нигаронида шудаанд, роҳандозӣ карда мешаванд.

Зимни нақшаҳои барнома оид ба соҳаи сохтмон, дар ҳудуди ноҳия 14 бинои бисёрошёнаи дорои 455 хонадон сохта ва 3 бинои бисёрошёна таъмир хоҳанд шуд. Ҳамчунин, дар 6 объекти умумтаълимӣ ва ҳифзи саломатӣ бунёдкорӣ, реконструксия ва таъмирсозӣ амалӣ гардида, якчанд шабакаҳои об, барқ, роҳ ва ғайра таъмир карда мешаванд.

Масъулони ноҳия ҳолати экологии минтақаро низ ба инобат гирифта, шинондани 11 ҳазору 669 бех ниҳол ва буттаро ба нақша гирифтаанд, ки 415 ҳазору 200 донаи онҳоро дар мавсими баҳорӣ ва 751 ҳазору 700 бехи боқимондаро дар мавсими тирамоҳӣ мешинонанд.

463 зане, ки ба технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳ доранд, дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таълим мегиранд. Барои то 50 дарсад зиёд кардани саҳми бонувон дар байни донишҷӯёни таълими олӣ чораҳо андешида мешаванд.

– 50 зане, ки ба оилаҳои танҳо ва ниёзманд тааллуқ доранд, 5 зане, ки ҳадди аққал таҷрибаи кории 5‑сола дошта, маълумоти олӣ надоранд, дар соли 2026 аз имкониятҳои барои гирифтани маълумоти олӣ фароҳам оварда пурра истифода хоҳанд бурд, — гуфт ҷонишини ҳокими ноҳия, сарвари шуъбаи оила ва занону духтарон Ҳилола Раҳимова. — Барои муайян ва дастгирӣ намудани занони боистеъдод ва ба 427 нафар расондани шумораи онҳо чораҳо андешида мешаванд. Шумораи шӯроҳои машваратӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари зан ва мардон дар корхона ва ташкилотҳои ноҳия, муассисаҳои таълимӣ ва сектори хусусӣ то 25 ва шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба масъалаҳои занонро то 80‑то зиёд мекунанд. 401 нафар зан дар соҳаи касбу ҳунар ва соҳибкорӣ таълим мегиранд. Дар соҳаи кирмакпарварӣ 1487 нафар зан ба кор ҷалб хоҳанд шуд. 40 нафар зан дар асоси анъанаи «Устоду шогирд» бо роҳи вобаста кардани онҳо ба ҳунармандон барои ба даст овардани даромад таълим мегиранд.

Ғайр аз ин, 87 зани ниёзманд тавассути вобаста кардани онҳо ба занони соҳибкори пешсаф барои ба даст овардани даромад омӯзонида мешаванд.

«Маскани оила ва зану духтарон» бар асоси равишҳои нав ташкил карда мешавад, ки дар он барои 292 нафар ҷавоне, ки издивоҷ мекунанд ва 150 нафар волидон барномаҳои таълимӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Барои 5188 зани ниёзманд тавассути дохил кардани онҳо ба «Дафтари бонувон» ва дигар кумакҳои иҷтимоӣ чораҳои мақсадноки дастгирӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар соҳаи тиб 46 ҳазору 684 нафар аҳолии 40‑сола ва синни аз он болоро бо мақсади саривақтӣ муайян кардани бемориҳои рагу хун ва диабети қанд аз муоинаи оммавӣ, инчунин 6 ҳазору 12 нафар бонувони 45–65‑соларо аз скрининги саратони сина ва 8 ҳазору 724 нафар занҳои 35–55‑соларо аз муоинаи гарданаи бачадон мегузаронанд.

34 ҳазору 807 нафар кӯдакони аз 2 то 10‑сола бо мақсади саривақтӣ муайян кардани бемории гелминтоз ва 49 ҳазору 296 нафар кӯдакони аз 3 то 18‑сола бо мақсади саривақтӣ муайян кардани бемориҳои онкогематологикӣ аз муоинаи оммавӣ ва селективӣ гузаронида мешаванд.

Маълумоти боло шарҳи мухтасари барномаи рушди ноҳияи Ҷомбой буда, ин ҷо ҳамаи соҳаҳо ҳам зикр нагардиданд. Бояд гуфт, ки амалӣ намудани лоиҳа ва нақшаҳое, ки дар барнома оварда шудаанд, барои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷойҳои кории доимӣ барои шаҳрвандони бекор, роҳандозии имкониятҳои нав ва ба даст овардани рушди иқтисодии ноҳия заминаи муҳимро фароҳам хоҳанд овард.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ