Ovozi.uz

«Кӯрпаатонба нигоҳ карда, пой дароз кунед»

Мавзӯъ барои мулоҳиза

Тӯю маросимҳо ҳамчун расму оин асрҳо пеш ташаккул ёфтаанд. Агар гӯем, ки халқи олам аз оғози гузарондани тӯю маросимҳо дар бораи чӣ тавр хубтар ташкил кардани онҳо андеша ва пешниҳодҳои худро баён мекунад, ҳеҷ муболиғае нахоҳад шуд. Бояд гуфт, ки бо тӯю маросимҳо рушди ҷомеа, васеъ шудани ҷаҳонбинии одамон, қабули қонунҳо дар ин самт ба низом медаромаданду расму оинҳои нави гузарондани онҳо ба миён меомаданд. Дар ҳар давр анъанаҳои замонавие роҳандозӣ мешуданд, ки маънои динӣ ё ҷамоатӣ доштанду баробари баланд шудани сатҳи зиндагии одамон сифатан ва ҳаҷман тағйир меёфтанд. Дар рафти ин ҷараёнҳо дар гузарондани тӯю маросимҳо оҳиста-­оҳиста ҳолатҳои риоя накардан ба меъёри ташкили онҳо ба чашм расиданд. Бо зиёд шудани чунин ҳолатҳо дар ташкили тӯю маросимҳо ҳисси манманӣ ва худситоӣ бештар шуд. Ин одатҳо дар асрҳои XIX–ХХ пайдо нашудаанд. Устод Хуршед Самеъбоев чанд сол пеш гуфта буд, ки сафарномаи як сайёҳи арабро мутолиа намуд, ки дар даври Суғди қадим ба кишвари мо омадааст. Ӯ аз ҷумла, навиштааст, ки сокинони Суғдзамин тӯй ва маросимҳоро бо ҳашамату пурдабдаба мегузаронанд ва барои ин мақсади худ, ҳатто, қарз мегиранд ё ки молу мулки худро ба гарав мегузоранд.

Одамон бо гузашти солҳо ба тӯю маросимҳо элементҳои нав дохил менамуданд. Инчунин бо рушди пайвастаи воситаҳои ахбори оммавӣ, робитаҳои байни минтақаву миллатҳо ва рафтуомади сайёҳон халқи як минтақа аз расму оин ва маъракаҳои мардуми мавзеи дигар ибрат мегирифтанд. Мисол, дугонаталбони пеш аз никоҳ ё ки ба ангушти домоду арӯс гузарондани ангуштарини тилло, ки қаблан дар Мисри қадим ва Рим анъана буданд, сипас дар дигар минтақаҳои дунё низ оҳиста-­оҳиста расм шуданд.

Дар ҳамаи давру замонҳо олимон, равшанфикрон ва ҷомеаи пешқадам бар зидди норасоиҳо дар ташкили тӯю маросимҳо тарғибот ва мубориза бурдаанд. Вале баъзеи ин норасоиҳо чунон «ба зери пӯсту нохуни мо» дохил шудаанд ва ҷонсахт мебошанд, ки то замони мо расида омаданд. Бо дабдабаи аз ҳад зиёд ва исрофи пулу вақту туҳфаву ашёҳои мухталифи рӯзгор ва масолеҳи дигар гузарондани тӯю маросимҳо ҳамон идома доранд.

Аксарияти мо дар бораи муборизаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва ҷадидони дигар бар зидди исрофкориву хароҷотҳои барзиёд дар тӯю маросимҳо борҳо хондаем ва шунидаем.

Фикрҳое чун «Халқи мо боигариро дар тӯй ва азо исрофу барои илму мактаб хеле кам сарф мекунанд», «Агар барои тӯй не, илм мусобиқа мекардем, халқи кишварамон пеш мерафт», «Исроф дар тӯйҳо — дарди бузурги миллат»-и ӯ ҳамон аҳамияти худро гум накардаанд ва мавзӯи дарди рӯз ҳастанд. Вале одамон ҳоло низ тӯю маросимҳоро ба як низоми ибратбахш наовардаанд. Мутаассифона, баробари расму оинҳои нек, ки барои мустаҳкам намудани оилаи навбунёд ва риштаҳои хешу табории байни қудоҳо мусоидат менамоянд, дар баъзе мавзеъҳо ҳамон вуҷуд доштани одатҳои «дуздидан»-и духтар, рафторҳои бад чун нишон додани қувваи бозу аз тарафи домод нисбати арӯс ё муносибати дағалонаю надонистани ҳуқуқи зан малоли хотири падару модарон ва узви пешқадами ҷомеа мешаванд.

Бинобар ин, қаблан ва имрӯз низ дар бораи ихтисори тӯйҳо қабул гардидани қарорҳо ва тӯйҳои боҳашаматро танқид намудани ҷадидон ва намояндагони пешқадами ҷомеаро фаҳмидан кори саҳл аст. Дарк намудан душвор нест, ки хароҷотҳои калони тӯйҳоро дида, дар ҷадидон хоҳиши барои таълим, ободонӣ, зиёда аз ин, рушди иқтисодӣ сарф кардани чунин маблағҳо пайдо шудааст.

Роҳандозии навгониҳои хуб дар тӯю маросимҳо, пешгирии расму оинҳое, ки ба рушди ҷомеа зарар мерасонанд, на танҳо орзуи ҷадидон буд. Дар гузашта ва имрӯз низ дар байни тоифаҳои гуногуни аҳолӣ тарафдорони тағйирот ва пешрафти ҷомеа дар ин ва дигар соҳаҳо кам нестанд. Дар таърих амирон, президентҳо ва ҳокимоне буданд, ки дар ин бора фармону қарорҳо баровардаанд ва ибрати шахсӣ нишон додаанд.

Мисол, ҳокими Самарқанд ва саввумин амири Бухоро (1785–1800) аз сулолаи манғитиён Шоҳмурод. Барои зиндагии хоксоронааш халқ ӯро «Амири маъсум» меномид. Шоҳмурод дар соли аввали ҳукмронии худ бисёр андозҳоро бекор кардааст. Вай аз сарвате рӯй гардондааст, ки аз падараш мерос монда буд ва сабаби инро бо зӯрӣ ба даст овардани он шарҳ додааст. Ӯ барои барқарор намудани шаҳри Самарқанд бисёр саъю кӯшиш намудааст. Дар аҳди ҳукмронии Шоҳмурод мадрасаҳои дар шаҳрҳои аморат бударо таъмир ва баъзеашро қариб аз нав барқарор кардаанд, ки аз муносибати ӯ ба илму таълим дарак медиҳанд.

Президенти Франсия Валери Жискар дʻЭстен низ бо хоксории худ аксариятро ба ҳайрат гузоштааст. Вай дар васияти худ хоҳиш кардааст, ки пас аз вафоташ ӯро бе иззату ҳурмати расмӣ ва қаровули фахрӣ ба хок супоранд. Хонадони Валери Жискар дʻЭстен ин хоҳиши ӯро ба ҳисоб гирифта, маросими ба хок супурдани президентро пӯшида, яъне танҳо бо иштироки аъзои оила ва пайвандону наздиконаш гузаронд. Ҳар дуи ин сарварони давлат сарфи назар аз фаъолият дар вазифаҳои бузург ҳаёти оддиро ихтиёр намудаанд. Хулоса, дар қабули қарорҳо роҷеъ ба ҳаёти хонадон, аз ҷумла гузарондани тӯю маросимҳо аҳамияти масъулияти шахсӣ калон аст.

Бори асосии ташкили тӯю маърака ба зиммаи соҳибони тӯй ё ки маросимҳо меафтад. Бинобар ин, хуб мешуд, ки онҳо дар чунин вазъият баъди машварат бо пайвандону наздикон вобаста ба доираи имкониятҳои худ қарори қатъӣ ва дуруст қабул кунанд. Дар чунин лаҳзаи сермасъулият набояд ба ҳою ҳавас ва эҳсосот дода шуда, фиреб хӯрд ва хато кард. Хусусан, дар гузарондани тӯи никоҳ ба чунин иштибоҳ роҳ надод. Ҳамеша дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки домоду арӯс қадамҳои аввали ҳаёти якҷояи худ, ташкили оилаи нав­бунёдро бо бори гарони қарз, ки барои гузарондани тӯй гирифтаанд, оғоз накунанд. Боре шунида будам, ки марде ба писараш чунин мегуфт: «Кӯрпетонба нигоҳ карда, пой дароз кунед».

Дар китоби олим ва адиби асри XV Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки се рисолаи ӯ «Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ» ва «Ҳотамия» фароҳам оварда шудааст, роҷеъ ба одоби тӯй ва маросим чунин навишта шудааст: «Агар пурсанд, ки камоли маъракагирӣ дар чанд сифат аст, бигӯй, дар панҷ сифат: Аввал, он ки эътиқоди ӯ пок бошад. Дуюм, он ки аз ҳасад дур бувад ва ба таассуб (бар қасд)-и бародар маърака нагирад. Сеюм, он ки аҳли таваккал бувад ва агар дар ҳаволии вай сад маърака падид ояд, занни (гумони) бад набарад. Чаҳорум, аз ғаразу риё пок бошад, то сухани вайро дар дилҳо асар бувад. Панҷум, уҷб (худписандӣ) ва такаббур наварзад, балки мутавозеъ ва хокниҳод (хоксор) бошад».

Хулоса, чандин аср боз дар масъалаи чӣ хел гузарондани маърака аксарияти соҳиби тӯй ва маросимҳо масъулияти қабули қарорро пурра ба зиммаи худ намегиранд. Вале вақти амали қатъӣ дар ин самт кайҳо расидааст.

Тошқул АЗИМЗОДА