Ovozi.uz

Қадами нав дар роҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ

«Муҳим аст, ки дар соҳаи таълим аз таҷрибаи пешрафтаи хориҷӣ истифода бурда, дар тарбия ба анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ такя намоем». Шавкат Мирзиёев.

Мувофиқи банди дахлдори Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13-уми январи соли 2022 таҳти рақами 82 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти донишгоҳи давлатии Самарқанд» ва созишномаи байни донишгоҳ ва донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир, профессорони Донишгоҳи Оксфорд Ани Бейт-Мовсес ва Фарниёз Закер аз 11 то 15-уми апрели соли 2026 дар Донишкадаи забон ва маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ дарсҳои амалии кӯтоҳмуддат гузарониданд. Дар ин муддат онҳо барои донишҷӯёни бахшҳои бакалавриат ва магистратура 12 соат дарсҳои маърӯза ва семинарӣ гузаронида, ҳамчун профессорони хориҷӣ фаъолият оғоз карданд. Ғайр аз ин, бо фаъолияти илмӣ ва имкониятҳои китобхонаи донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.

Ҳангоми шиносоӣ ба меҳмонони хориҷӣ директори донишкада Ҷӯлибой Элтазаров ҳамроҳӣ намуд. Зимни мулоқот, ки дар идома гузаронида шуд, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули академӣ ва ташкили барномаҳои омӯзиширо баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки солҳои охир Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар самти ислоҳоти соҳаи таълим, рушди таҳқиқоти илмӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи раддабандии байналмилалии “QS World University Rankings by Subject – 2026”, донишгоҳ дар самти забонҳои муосир ҷойҳои 251-300-юмро ишғол намудааст.

— Шумо устодони олиқадр ва донишҷӯёнро ба Оксфорд даъват мекунам, — гуфт Э.Ҳерзиг. — Шумо баробари сафар забон ва маданияти Шарқро меомӯзед. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо арзишҳое чун эҳтироми мутақобилаи одамон нисбат ба якдигар ва муносибати бомасъулиятона ба илм то ҳол нигоҳ дошта шудаанд.

Дар ҷараёни сафар профессорони Донишгоҳи Оксфорд Ани Бейт-Мовсесс ва Фарниёз Зокер дар дарси забони форсӣ иштирок карданд. Ин дарсро омӯзгорони кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқии хориҷӣ Абдуваҳҳоб Воҳидов ва Зарина Нуриллоева гузарониданд.

— Ман бо донишҷӯён мисли духтар ё писари худ муносибат мекунам, — гуфт А.Воҳидов. — Ин барои таҳсили онҳо ва кори ояндаашон муҳим аст. Агар донишҷӯ дар дарс худро озод ҳис кунад, истеъдоду қирраҳои ноёби худро беҳтар нишон медиҳад. Баъзеҳо мегӯянд, ки донишҷӯ бояд аз устод тарсад. Аммо ин нодуруст аст. Донишҷӯ набояд тарсад, балки бояд ҳис кунад, ки устод ҳамеша ӯро дастгирӣ мекунад.

Қайд гардид, ки афзоиши чунин сафарҳо метавонад ба ворид шудани усулҳои замонавии байналмилалии таълим ба кишвар замина фароҳам оварад ва дар тарбияи ҷавонони пуриқтидор, донишманд ва соҳибсалоҳияти ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нақши муҳим мебозад. Инчунин, омӯзиши илм, таърих ва фарҳанги Шарқ метавонад барои шинос намудани донишҷӯёни аврупоӣ бо ҷаҳони пурғановати Шарқ саҳми арзанда гузорад.

Зиннура Илҳомҷонова