Ovozi.uz

Ислоҳоти сохтори андоз баррасӣ гардид

Дар шаҳри Самарқанд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз, Маркази афзунсозии салоҳияти Хазинаи байналмилалии асъор дар минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ва намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ӯзбекистон дар мавзӯи «Афзунсозии сатҳи риояи қонунгузории андоз дар замони рақамисозӣ — имрӯз ва оянда» семинари байналмилалӣ гузаронида шуд.
Дар он намояндагони мақомоти андози Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва мутахассисони ширкатҳои бузурги аудиторӣ иштирок карданд. Дар оғози чорабинӣ ҷонишини якуми раиси Кумитаи андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мубин Мирзоев дар бораи сиёсати андози кишвари мо, навгониҳои соҳа, рақамикунонии система маълумот дод.
— Дар панҷ соли охир дар сохтори андози мамлакатамон ислоҳоти васеъ амалӣ гардид, — гуфт Мубин Мирзоев. — Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳа ҳам барои андозсупорандагон ва ҳам барои кормандони система имконоти калон фароҳам овард. Дар навбати худ, ин омили инсониро дар идоракунии андоз кам карда, барои пешгирии коррупсия дар соҳа мусоидат намуд. Мо бояд корро дар ин самт ба зинаи нав бардорем. Ба ин маъно, семинарро метавон майдони махсуси табодули таҷриба номид. Дар рафти мо мо ба фаъолияти худ аз нигоҳи коршиносони хориҷӣ назар карда, имкони баҳод додан ва аниқ кардани хато ва камбудиҳои худро ба даст овардем.
Дар чорабинӣ, ки чун платформаи ҳамкории дуҷонибаи созмонҳои молиявӣ ва кишварҳои узви Маркази афзунсозии салоҳияти Хазинаи байналмилалии асъор дар минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон хидмат кард, имрӯз ва ояндаи татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи андоз баррасӣ гардид.