Дар шаҳри Самарқанд нахустин ҷамъомади минтақавии Шӯрои зиёиёни Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он намояндагони ҷомеаи илмӣ ва соҳаи маориф, аҳли фарҳангу ҳунар, нависандагону шоирон, кормандони соҳаи тиб, олимони ҷавон, соҳибкорон ва фаъолони ҷамъиятӣ ҷамъ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди кишвар ва нақши зиёиёнро дар ташаккули ояндаи он баррасӣ карданд.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки имрӯз, дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳон ва рушди технологияҳои рақамӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими маънавиёти ҷомеа ва рушди неруи зеҳнии кишвар аҳамияти хос дорад. Нақши зиёиён дар ин раванд муҳим буда, бо пешниҳоди ғоя, ташаббусҳои нав дар пешрафти ҷомеа ва рушди минбаъдаи Ӯзбекистони Нав саҳм мегузоранд.
Масъалаи баланд бардоштани нақши зиёиён дар рушди давлат ва ҷомеа ҳанӯз дар барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 ҷойгоҳи муҳим дошт, — гуфт мушовири вазири мудофиа Олимҷон Усаров. — Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба олимон, омӯзгорон, намояндагони зиёиёни эҷодкор ва дигар қишрҳои касбии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард. Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 2017 яке аз нахустин мулоқотҳои Президент маҳз бо намояндагони зиёиён, илм ва санъат баргузор шуда буд. Дар он давр дар байни ташаббусҳои муҳими нахустини давлатӣ чораҳои баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ ҷойгоҳи махсус дошт. Ин иқдомҳо гувоҳи эътирофи нақши дониш, маърифат ва рушди зеҳнӣ дар ташаккули ҷомеаи нав буданд.
Барномаи дурӯзаи ҷамъомад дар Самарқанд тавре таҳия шудааст, ки ҳар як иштирокдор натанҳо мавқеи худро баён кунад, балки барои ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз низ пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд. Дар рӯзи аввал машваратҳо дар бахшҳо аз рӯи мавзӯъҳо баргузор шуда, намояндагони ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва зиёиёни маҳаллӣ самтҳои асосии рушди ҷомеаро баррасӣ карданд. Рӯзи дуюм дар ҷамъомади умумӣ натиҷаи баҳсу баррасиҳо ҷамъбаст ва ташаббусҳои пешниҳодшуда таҳлил карда мешаванд.
Рӯзномаи ҷамъомад ҳафт самти муҳимро дар бар мегирад. Аз ҳувияти миллӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ то илм, маориф ва иқтисодиёти инноватсионӣ. Иштирокдорон масъалаҳои таҳкими ватандӯстӣ ва ризоияти байни миллатҳо, рушди медиа муҳити муосир, тарбияи ҷавонон, дастгирии оила ва ниҳоди маҳалларо баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин, ба рушди забон ва адабиёти ӯзбек, тарғиби китобхонӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва мероси маънавӣ, инчунин равандҳои муосири фарҳанг, театр, кино ва саноати эҷодӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир мегардад.
Қисмати дигари муҳими баҳсу баррасиҳо ба ояндаи илм ва маориф, тибби инноватсионӣ, рушди сабз, соҳибкории зеҳнӣ ва иҷтимоӣ бахшида шудааст. Дар маркази таваҷҷуҳ натанҳо натиҷаҳои бадастомада, балки масъалаҳое низ қарор доранд, ки барои ҳалли онҳо равишҳои нав, таҳлили илмӣ ва талошҳои муштараки давлату ҷомеа заруранд.
Хусусияти асосии чунин вохӯриҳо дар ҳамин,ки онҳо барои муколамаи озоду созанда миёни намояндагони наслҳо, касбу соҳаҳои гуногун замина фароҳам меоранд. Дар ин ҷо шунидани андешаи натанҳо олимони шинохта ва ходимони маъруфи фарҳанг, балки муҳаққиқони ҷавон, омӯзгорон, навоварон ва соҳибкорон низ муҳим аст. Зеро ҳамаи онҳо ба ояндаи кишвар бетараф нестанд.
Дар натиҷаи машваратҳои минтақавӣ пешниҳод ва ташаббусҳои иштирокдорон ҷамъбаст гардида, ба ҷамъомади ҷумҳуриявии Шӯрои зиёиёни Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, пешниҳод хоҳанд шуд. Ҳамин тариқ, мулоқоти Самарқанд бахше аз муколамаи фарогири умумиҷумҳуриявӣ гардид, ки мақсади он муттаҳид сохтани неруҳои зеҳнӣ ва эҷодии кишвар дар атрофи мақсади умумӣ — бунёди Ӯзбекистони Нави неруманд, маърифатнок ва рақобатпазир мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо аз 10 то 14 ноябр дар тамоми вилоятҳои кишвар баргузор мешаванд.
Замира БОЛТАЕВА
