Одаме, ки бо мол сару кор дорад, агар як бор говҳои хоҷагии фермерии «Чорво сут сервис»-и ноҳияи Самарқандро бинад, ҳатман дар дилаш орзуи соҳиби чунин гов шуданро мекунад.
Сохтмони фермаи ин хоҷагӣ барвақт сар шуда, соли 2018 расман таъсис ёфтааст.
Дар давоми солҳои 2020 — 2021 ба хоҷагӣ аз Германия 40 сар ва аз Австрия 62 сар ғуноҷинҳои хушзоти голштин ва семинтал овардаанд. Албатта, то ба шароиту иқлими мо мутобиқшави молҳо мушкилот ба амал омада, дар ин байн 10—12 сари онҳо талаф ҳам шуданд. Вале дар натиҷаи парваришу нигоҳубини хуб оҳиста-оҳиста молҳо ба обу ҳавои мо одат карданд. Бордор шуда, насл доданд.
— Дар мамлакат бехатарии хӯрокворӣ ва таъминоти аҳолӣ бо маҳсулотҳои гӯштиву ширӣ торафт доғтар мегардад, — гуфт сарвари шӯъбаи ветеренария ва ривоҷдиҳии соҳаи чорводории ноҳия Шерзод Ҳабибов. — Ҳалли ин масъалаҳо роҳу равиши нави хоҷагидорӣ ва дар амал ҷорӣ кардани технологияҳои пешқадамро тақозо менамояд. Баробари ҳамаи ин, ба роҳ мондани парвариши молҳои хушзоти зудфарбеҳшаванда ва сершир зарур аст. Бо ҳамин мақсад, дар ноҳия ташкили хоҷагии фермерии молдории наслгирии «Чорво сут сервис» ба миён омад. Барои сохтмони бинои фермаи хоҷагӣ лоиҳаҳои чор-панҷ давлат омӯхта шуд. Дар байни онҳо тарзи сохти молхонаҳои Туркия маъқул гардид. Ин гуна ферма бартариҳои худро дорад. Дар оғилхонаҳо ускунаҳои ҳавотозакунӣ, обдонҳо, ҷойи хору мол ва қашави молҳо ҳамчун чӯткаи силиндлиршакл ба назар гирифта шудааст. Ҳар як гов ҷойи хоби худро дорад. Дар ҷойи хобравии молҳо чармматои намногузар паҳн карда шудаанд. Хӯрокдиҳӣ ва баровардани поруи молҳо ба таври автоматӣ иҷро карда мешаванд. Молҳо ҷойи сайругашт ҳам доранд. Дар ферма говҳои ҷӯшоӣ, ғуноҷинҳо, гӯсолаҳо алоҳида-алоҳида нигаҳдорӣ ва парвариш карда мешаванд. Дар хоҷагӣ эътибор ба қоидаҳои зоотехникиву зооветеринарӣ қатъӣ мебошад.
Дар ин ҷо дастгоҳҳое насб карда шудаанд, ки бо аппаратҳо якбора 12 сар говро ҷӯшидан мумкин аст.
Ҳоло молҳои ин хоҷагӣ аз 350 сар зиёданд. Дар соли 2023 аз 180 сар модагов 165 сар гӯсола гирифтанд.
— Дар давоми ин солҳо молҳо хушзодтар мешаванд, — гуфт сарвари хоҷагии фермерӣ Аҳмад Ғуломов. — Баробари бордоркунии сунъӣ, буққаҳои зотӣ ҳам дорем. Ҳоло аз ҳар як сар модагов ба ҳисоби миёна аз 18 то 25_литрӣ шир мегирем. Равғаннокии шири молҳои мо ниҳоят баланд — 4,5_фоизро ташкил мекунад. Ин хел нишондиҳанда қариб ки дар ҳеч куҷо дида намешавад. Бо корхонаи «Агро-Браво»-и ноҳияи Тайлоқ шартнома дорем. Ҳар рӯз 2,5—3 тонна шир ҷӯшида, ба ин корхона мефиристем. Аз рӯи сифат, ки шири мо хуб аст, ба ҳар як литраш 6,5_ҳазорсӯмӣ медиҳанд.
Сарвари хоҷагӣ Аҳмад Ғуломов доимо серкор аст. Дар давоми ин солҳо аз бонк 700 ҳазор доллар қарз гирифтааст. Баробари додани қарз, сохтмони объектҳои нави комплекси чорводориро идома медиҳад.
Дар хоҷагӣ 20 нафар коргар кор мекунанд. Онҳо бо шароити хуби корӣ ва хӯроки гарм таъминанд.
— Чӣ муаммо шуморо бештар ба ташвиш меорад? — пурсидем аз сарвари хоҷагӣ.
— Тангии хоҷагӣ ва обу замин, — кӯтоҳу дардомез ҷавоб дод Аҳмад Ғуломов. — Барои ҳамин мо саршумори молҳоро зиёд карда наметавонем. Дар давоми ин солҳо қариб 1000 сар гӯсола фурӯхтем.
Ба ҳама аён аст, ки маҳсулнокии чорво ба базаи хӯрокаи он вобаста аст. Хоҷагӣ барои ҳамин молҳо ҳар сол камаш 2,5 ҳазор тонна силос, 1,5 ҳазор тонна сенаж, 1000 тонна пресси беда, 800 тонна коҳ, 250 тонна гандум ва қариб 400 тонна дони ҷуворимакка бояд захира кунад. Аз инҳо барои молҳо дар дастгоҳҳои махсус хӯрокҳои серғизои омехта тайёр мекунанд. Вале хоҷагӣ ҳамагӣ 93 гектар замин дорад, ки ин хеле кам аст. Аз ин майдон дар 10 гектараш юнучқаи кӯҳна ва дар 15 гектараш юнучқаи нав нашъунамо меёбанд. Дар 45 гектар майдон барои силос ва дон ҷуворимакка мекоранд. Ба 23 гектари боқимонда ҳар хел зироатҳо кишт мекунанд. Ба ин ҳатто ҷав, ҷавдор, алафи суданӣ, третикале бояд коранд. Вале дар асл бештар лаблабуи хошокӣ ва сӯлӣ кошта, ҳосил мегиранд. Роҳҳои дигари баланд бардоштани ҳосил ва кишти такрориро пеш гирифан хоҳанд, камчинии об имкон намедиҳад…
Бахтиёр ҶУМЪАЕВ
