
Дар осорхонаи Шӯҳрати олимпӣ ва паролимпии шаҳри Тошканд маросими гусел кардани ҳайати Ӯзбекистон ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж 2024 баргузор шуд.
Парчами Ӯзбекистон ба таври тантанавӣ ба парчамбардорони ҳайати Ӯзбекистон дар Бозиҳои олимпии дар пешистода — чемпиони ҷаҳон оид ба бокс, ғолиби Бозиҳои Осиё Абдумалик Халоқов ва ғолиби Бозиҳои Осиё оид ба шамшербозӣ, соҳиби медали «Шӯҳрат» Зайнаб Дайбекова супурда шуд.
Зикр гашт, ки барои чемпионҳои олимпиада 200 ҳазор доллари амрикоӣ, барои ҷоизадорони медали нуқра 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 ҳазор доллари амрикоӣ мукофоти пулӣ тақдим мегардад.
Дар рафти чорабинӣ тақдимоти ботантанаи расмии либосу анҷомҳои мунтахаби Ӯзбекистон дар Париж- 2024 баргузор гардид.
Сипас, аз номи варзишгарон чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо Музаффарбек Тӯрабоев ва чемпиони ҷаҳон оид ба бокс байни ҷавонон, варзишгардухтари самарқандӣ Нигина Ӯктамова суханронӣ карданд.
— Дар натиҷаи эътибори ҳукумат ва ғамхории Сарвари давлат ба мо — варзишгарон дар мамлакатамон соҳаи варзиш ривоҷ ёфта, ба комёбиҳо мушарраф мегардем, — гуфт Нигина Ӯктамова. — Бахусус, барои ба даст овардани литсензия низ ҷоизаҳои пулӣ гирифтем. Албатта ин барои мо пеш аз Олимпиадаи Париж 2024 рағбат ва ангезаи бузург гардид. Ба олимпиада омодагии хуб дидем. Мақсади мо чемпиони олимпиада гардида, баланд бардоштани парчами Ӯзбекистон мебошад.
Ҳоло теъдоди варзишгарони самарқандӣ, ки роҳхати бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд, 14 нафарро ташкил мекунад. Ҷамъоварии холҳои рейтингӣ барои роҳхат идома дорад ва аз вилоятамон иштироки беш аз 16 нафар варзишгар дар олимпиада дар назар аст.
Ёдовар мекунем, ки Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж- 2024 аз 26 уми июл то 11 уми августи соли равон баргузор мешавад.
