Ovozi.uz

Аз гуфтаҳои Солеҳ Саид Мурод

Солеҳ Саид Мурод 6-уми июли соли 1952 дар маҳаллаи Бӯзии ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1974 Донишкадаи омӯзгории ба номи С. Айнии шаҳри Самарқандро хатм намуда, зиёда аз 35 сол дар мактаби миёнаи рақами 15-уми ноҳияи Самарқанд бо фаъолияти педагогӣ машғул шудааст.

Солеҳ Саид Мурод аз солҳои донишҷӯӣ бо эҷоди бадеӣ машғул шуда, то ба ҳол маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ бо номҳои «Сӯҳбат боқӣ», «Қиссаҳои гулобӣ» ва «Андешаҳо дар танҳоӣ» рӯи чопро дидааст.

Андешаҳо

Қуфли худсито

Қуфли бузургу гароне, ки ҳарду ҳалқаи дарвозаро ба ҳам мепайваст, мағрурона бонг задааст:
— Ғайр аз калид аз ҳеҷ кас наметарсам!
Ин гапро шунида, дузди устокоре бо мисрончае кори қуфли худситоро «яктарафа» карда монд. Қуфли ғофил аз корҳои ин дунё дар ҳайрат монда, дар худ андешид, ки гапи беҷо зада монд ва фаҳмид: охири худситоӣ завол будааст.

Якуним даҳон гап

Баъзе одамон чунон ҳам нозук шудаанд, ки барои онҳо як даҳон гап камӣ мекунад, ду даҳон гап зиёдӣ мекунад. Ба ин гуна тоифаҳо танҳо якуним даҳон гап кифоя аст.
Аммо якуним даҳон гап на ин тарафу на он тараф, фикрат нотамом мемонад.
Алҳазар, аз чунин зотҳои нозук!

Ҳеҷ гоҳ…

Ҳеҷ гоҳ дастқалбиро касб машумор, ҳеҷ гоҳ пули касеро машумор, ҳеҷ гоҳ ба зани касе бо чашми харидорӣ манигар, ҳеҷ гоҳ ба амонат хиёнат манамо!
Дастоварди ҳамкасбатро фоли нек бубин, он гоҳ комёбӣ ба ту шавад ёр…

Хоксорӣ

Мизи кӯҳнаю фарсудаи калоне, ки ними хонаро банд мекард, аз рӯзгори нобасомони худ шикояткунон арзи ҳол намуд:
— Уф… ин мардум дар болои сари ман чиҳоеро намегузоранд, ки такягоҳҳоям қариб мешикананд!
Дар паст курсие, ки ӯ низ дар болояш бори гаронеро бардошта меистод (аз афт соҳибхона менишаст) аз гаронии вазн ба риққат омада, базӯр ғурунгос зад:
— Инсоф мебояд буд, дар ин ҷо мо ҳам ҳастем, — гуфта як нолиши дардомезе кард.

Шӯҳрат

Шӯҳрати дар зиндагӣ ба дастомада амонат аст. Он баъзан бо баъзе сабабҳои маълуму номаълум инсонро ба вартаи заволӣ бурданаш мумкин аст. Инро дар мисоли чандин одамони «маъруфу машҳур» дидаем.
Шӯҳрати пас аз марг ёфта — шӯҳрати ҳақиқист ва бегумон он абадист.
Аммо таассуфовараш ҳамин, ки худи соҳибшӯҳрат онро ҳеҷ гоҳ намедонад.

Решаи асар

Ҳар як асари бадеии ба дунёомада реша дорад. Он решаро ҳарисона бибояд кофт. Агар решаи он асар патакрешаю чуқуртар бошад, боз жарфтар бибояд кофт.
Реша рӯихокӣ бошад, барои кофтанаш вақт сарф накунем ҳам мешавад.

Китобхонӣ

Китобхонӣ ҳар гуна мешавад: баъзеҳо китобро барои он мехонанд, ки тезтар хобашон барад, гурӯҳе китобро барои суратҳои аҷибаш ба даст мегиранд, бархе барои худнамоӣ саҳифа мегардонанд, аммо китобхонҳои ҳақиқӣ ками андар каманд.
Кош, сафи гурӯҳи охир меафзуд. Кош, мо бо тамоми вуҷуд ба умқи китоб фурӯ мерафтем…

Восита

Аз одамони китобхон шахсони бадахлоқ ба камол намерасанд, чунки китоб воситаи муҳимтарини тарбияи ахлоқӣ аст.

Хатои инсон

Инсон мӯъҷизакор аст, офаридагор аст, кашфиётгар аст. Ягона мӯъҷизоти аблаҳонаи инсон — ҷанг, қобили қабул нест. Ин хатои ягонаи инсонро то ҳол касе набахшидааст ва намебахшад ҳам!
Ҳуш дор, эй Инсон! Ҷанг хайру баракаи рӯзгорро мепарронад, ҷанг кулли дунёро нобасомон мегардонад!

Чашми гурусна

Чашми Инсон аз дороӣ ҳеҷ сер нашудааст. Хоктӯдаи боигарии ӯ чӣ қадар баландтар шавад, қасри маънавияташ ҳамон қадар паст шуда, коҳиш ёфтан мегирад. Ва, оқибат, он қаср вайрону валангор мегардад.
Ай, Худо! Чашми гуруснаи моро ҳамеша сер медор!

Суханҳои гуфтаам

Ман ҳамин рӯз ду ҷумлае аз буду набуди худ офаридам. Ба гумонам, суханҳои табъи дили худро ифода кардам.
Аммо баъд… Аниқтараш, пагоҳаш навиштаҳои худро хонда, дарк кардам, ки ман ҳеҷ чиз нагуфтаам. Фаҳмидам, ки вақту соат аз фикру андешаҳои мо тезтар гом бармедоштааст. Зеро суханҳои дирӯз гуфтаам аллакай кӯҳна шуда буданд.
Сатрҳои офаридаамро дарронида, ба оташ афкандам.

Солеҳ САИД МУРОД