Ovozi.uz

Комёбиҳои назарраси ҷавони оқдарёӣ

Дар арафаи Рӯзи ҷавонон дар асоси қарори Сарвари давлатамон як гурӯҳ ҷавонон бо мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сарфароз гардиданд. Боиси шодмонист, ки дар байни онҳо Фазлиддин Арзиқулови орқдарёӣ ҳам ҳаст.
Фазлиддин соли 1997 дар яке аз оилаҳои одии ноҳияи мо ба дунё омадааст. Бо таълиму тарбияи падару модар, муаллимон, заҳмату меҳнати беандозааш ӯ ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.
Ҳоло магистранти Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов мебошад. Фазлиддин то ин дам дар самти интихобкардааш бо дастгирии устодонаш пажуҳиши илмӣ бурда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд ба даст овард.
Аз ҷумла, соли 2019 дар самти «Беҳтарин мақолаи илмӣ»-и озмуни «Анҷумани ҷавонони Осиё», ки Донишгоҳи иқтисодиёт ва дипломатияи ҷаҳон гузаронд, ҷойи аввалро ба даст овард. Инчунин, дар конференсияҳои байналмилалии «SamMUN» (Samarkand Model United Nations), «Bukhara International Youth Conference», «National Youth Conference», «World young innovators online summit», «Uzbekistan International Model Nations» фаъолона иштирок кард.
Фазлиддин Арзиқулов як барномаи мобилии ченкунии нерӯи генератори шамол, барномаи омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ба ҷавонони назди Агентии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва чанд платформаи дигарро патент кардааст.
— Мукофотро Сарвари давлатамон супориданд, — гуфт Фазлиддин Арзиқулов. — Ҳастиямро эҳсоси наҷибе фаро гирифт. Президент аз ман пурсиданд, ки таълимро дар кадом самт хатм намудам. Гуфтам, ки дирӯз диссертатсияи магистрантии худро дар мавзӯи «Манбаъҳои барқароршавандаи энергия» дифоъ кардам. Сарвари давлатамон хурсанд шуда, бароям комёбӣ хостанд ва гуфтанд, ки чанде пеш аз рӯйи ин масъала ҷамъомади васеъ гузарониданд ва дар кишварамон ба мутахассисони ин соҳа эҳтиёҷ зиёд аст. Таъкид карданд, ки ҷавонони шавқманди ин соҳаро дар атрофи худ ҷамъ намуда, донишам ва таҷрибаамро ба онҳо низ омӯзам.
Фазлиддин дар соли таҳсили 2021—2022 ҷоизадори стипендияи давлатии ба номи Берунӣ гардид. Бо як сухан, комёбӣ ва дастовардҳои Фазлиддин, ки барои ҷавонони Оқдарё намунаи ибрат аст, кам нестанд.
Боз ҳаминро бо ифтихор гуфта метавонем, ки аз замони таъсиси мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» дар ноҳияи мо 4 нафар ҷавонон соҳиби ин ҷоиза гардиданд.

Маъруфхон МУСОЕВ,
сарвари шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Оқдарё