
Модар, туӣ хушнудии рӯзгорам, баҳори сарчашмаи аслу насабам. Нумӯи зиндагиам бар ҳаққи ту, аз қадим гуфтанду боз мегӯянд. Туӣ ҳодисасозу навовару асли буду бошам. Шинохтани ту чун тилисм аст. Ло, балки тилисмро шинохтан осону бехи аслияти туро донистан мушкил аст.
Медонам, ту худ гуфтаӣ, ман дар баҳори соли 1964 дар ҳамин кӯҳҳои сарбаланди Оҳалик таваллуд ёфтаам. Мисли ту ман ҳам падарро зуд бохтаам. Бале, маро модар яккаву танҳо навозиш карду парвариш дод. Азбаски ба дарди падараш даво наёфта буд, маро давосоз шавад, гӯён бо илми тиб ошно кард. Ҳафт сол хондаму понздаҳ соли дигар ҳам ба мулки Афғон рафта, ба захмҳои афғонҳои ҷангзада малҳам шудам. Маро Ватан боз дар оғӯши худ гирифт. То кунун ба васияти модар дар тан либоси сафед ба дардҳои дили мардум даво мепазирам. Ҳар боре, ки маро дар шифохона мадҳу сано мекунанд, ҳамон модари танҳоям ба ёд ояд.
Модарҷон, акнун каме аз ту огоҳ шудам. Вале туро чун бояду шояд нашнохтаам, мебахшӣ. Бо ту ошно шудан, аввало худро шинохтан аст. Ман кай ошнои ту мешавам, ки то туро бар пуррагӣ нашнохтаву нодидаам. Ҳар қадар дар бораи модар гуфтанду боз мегӯянд, вале ман мегӯям, ки дар васфи ту чун баҳор хатту қаламу вақту замон оҷиз аст. Чуноне, ки Ҳазрати Бедил гуфтааст:
Рангҳои ин чаман яксар шикастомодаанд,
Эй асири ранг, берангӣ бинои мӯҳкам аст.
Баҳор, боз омадӣ. Омаданат боз аз модарам хабар оварад. Ҳар чӣ порсол аз омаданат шодон шуда, модарсароӣ кардаам, лек имрӯз аз омаданат боз тарҳи наву рӯҳи модарамро тозатар сохтааст. Дар ёд дорам, ту маро яккаву танҳо ба дунё овардаӣ. Маро танҳо ту бепадар ороста кардӣ. Дар ёд дорам, чун тифлак будам, дастам бигирифта сӯӣ мактаб равонаам мекардӣ. Чун аз мактаб боз оям, пешвозам мегирифтӣ. Маро нагузоштӣ, ки дар ҷанги Афғон аз шаҳид шудани падарам огоҳ гардам, то ки дилам хаста нашавад. Шабу рӯз мисли баҳор маро ғамхорӣ кардаӣ ва маро қадамкашон сӯӣ донишгоҳ овардаӣ.
Модарҷон, имрӯз баҳори ту бишкуфта, бор овардааст. Ин бор ҳосили туст. Магар бехабарӣ? Орзуҳои некат бор овардааст.
Модарҷон, ин ҳама кору борам, гирифтани диплому шодкомиҳои ман ҳама аз туст.
Модарҷон, имрӯз ман ҳосили баҳори туям. Чӣ кунам, садҳо дар зери қадамат сар хам мекунам. Аммо ту аз он болотарӣ!
Модарҷон, ту бӯи гулӣ. Ман туро ба ҳеҷ ранге, ба ҳеҷ шакле, ба ҳеҷ сурате иваз нахоҳам кард. Ту ҳамеша дар димоғи ман бӯи гули хушбӯӣ. Ин ҷост, ки дар ҳар нафасам ту чун бӯи гул ҷой дорӣ. Чуноне, ки Ҳазрати Бедил боз гуфтааст:
Мижа то соя мекунад иншо,
Меҳр доғи завол мегардад.
Фурсат афсуни гардиши чашм аст,
На маҳ ин ҷо, на сол мегардад.
Ба нигоҳе дар ин тамошогоҳ,
Ранг чандин ҷамол мегардад.
Аз ин ҷост, ки дар ҳаққи ту ҳар замону ҳар лаҳза ҳар чӣ гӯям кам аст. Маро то нафас боқист, суратат чун бӯи гул ҳамеша раҳнамост, пас то ҳастаму ҳаст, дорамат дӯст!..
Ансор СОБИРОВ
