Ovozi.uz

Мо раҳгузарем…

Мо раҳгузарем, дар ин шоҳроҳи ҳаёт. Умри мо пайроҳаест, бебозгашт. Роҳ гоҳо равону гоҳ ноҳамвор, гоҳ нишебу гоҳ фароз. Дар ин роҳ моро бояд ҳамчун азму субот ёре бошад. Мо вохӯрем бо одамоне, ки чун чароғак роҳи моро рӯшноӣ мебахшанд ва бо шахсоне, ки санги пеши роҳ мешаванд.
Мо раҳгузарем. Аз нафаси гарми мо раҳораҳ ниҳолакони сарсабзи орзую умед сар мебардоранд. Офтоби меҳру ишқ бо нурҳояш ба олами ҳастӣ нуру сафо мебахшанд. Шабҳои тираи зиндагиро моҳи рахшони умед равшанӣ мебахшад. Баробари ин шамоли тунду тез пайдо шуда, мехоҳад моро аз пешравӣ нигоҳ дорад, абрҳои сиёҳ бухси дил мекунанд. Барфу резаборонҳо бошанд, гӯё сар то по ба дилу дида фараҳ мебахшанд.
Мо раҳгузарем… Умри мо дарахтеро мемонад, ки фасли сармо — даври обутобёбӣ, фасли зебоӣ — шукуфоӣ, фасли гармо — даври муродбахш ва сармо — фасли мевадиҳии орзуҳо.
Мо раҳгузарем. Умри мо ба шамъе монанд аст, ки барои хешу пайвандон, фарзандону атрофиён то охир дар сӯзу соз асту хонаи дилро равшанӣ мебахшад.
Мо раҳгузарем… Бори гарони зиндагӣ — масъулият бар дӯш, тӯша дар бар, табассум дар лаб, ишқ дар дил, ҳунар бар даст, ақлу заковат дар сар, меҳр дар чашм, илму дониш дар вуҷуд, пойпӯши пешравӣ дар по, гӯши шунавоӣ — ҳақиқати ҳаёт ба пеш равонем.
Мо раҳгузарем, дар ин роҳи дуру дароз, лек кӯтоҳ. Дар пеш кӯҳи баланд, биёбонҳои беоб, бешаҳои беохир, дарёҳои беҳудуд, ҳайвонҳои бадхашм моро интизорӣ мекашанд. Бояд бебоку далер бошем.
Мо раҳгузарем, бояд дар ҷустуҷӯи бахт шавем, то умри гузаро рангину пурмазмун шавад.
Мо раҳгузарем, аз пайроҳаи умр. Қади алифи мо то охири пайроҳа чу дол мегардад. Ниҳолҳои орзую умед ба дарахт, шохаҳои сабзи армон ба хазон табдил меёбанд.
Мо раҳгузарем… Сириштамон аз хок буду боз хокӣ мегардад. Ба нияте, ки аз нав чун сабза эҳё гардем, ба армон табдил меёбад.
Мо раҳгузарем… то дарвозаи марг.

Эътибор ҲАЙДАРОВА