Рӯзи 4-уми июл барои журналисту блогерҳо бо мақсади шиносоӣ бо кору фаъолтияти ходимони соҳаҳои барқ газ ва оби нӯшиданӣ дар ноҳияи Самарқанд пресс-тур ташкил карда шуд. Дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи таъминоти барқ маълум гардид, ки ҳоло дар ноҳия 57500 нафар истеъмолчиён мавҷуд будаанд, ки 54151 нафарашон шахсони ҷисмонӣ ва 3345 нафарашон шахсони ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар ҳудуди ноҳия 19 нимстансия мавҷуд аст. Дарозии хати барқрасон 2526 километрро ташкил мекунад.
Ҳангоми сӯҳбат бо роҳбари корхонаи таъминоти барқи ноҳия Асад Шукуров ва саринженери корхона Асқар Тоҳиров маълум гардид, ки соли гузашта ва имсол бо мақсади беҳтар намудани таъминоти қувваи барқ иқтидори 6 трансформатори ёрирасон зиёд карда мешавад. Масалан, дар маҳаллаи Найзатеппа трансформатори 10000 кВатӣ бо трансформатори 16000 кВатӣ иваз карда шуд. Дар натиҷаи ин кор таъминоти барқ дар маҳаллаҳои Шӯрбоӣ, Шӯрбоича, Равонак, Қӯлба, Обод, Андиҷонӣ ва Навобод беҳтар гардиданд. Инчунин, дар зеристгоҳи «Боғимайдон» трансформатори иловагии 4000 кВата насб карда шуд. Ин ба беҳбудии таъминоти барқи маҳаллаҳои Миришкор, Қайнама, Қаросув, Ипакчӣ, Заҳлик ва ғайра мусоидат намуд.
Иштирокчиёни пресс-тур дар маҳаллаҳои Бӯзӣ, Чоршанбе ва Деҳнав бо фаъолияти кормандони таъминоти барқ, ки сими нав мекашиданд, бетонсутунҳо мешинонданд ва трансформатори навро ба кор омода мекарданд, шинос шуданд.
Таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ низ аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Бинобар ҳамин, иштирокчиёни пресс-тур дар чорабинӣ бахшида ба кор даромадани чоҳи нави обкашии маҳаллаи Гулобод иштирок карданд. Маҳаллаи Гулобод қариб 5000 нафар аҳолӣ дорад. Бештар аз 3000 нафари онҳо аз оби марказонидашуда истифода мебаранд. Барои аҳолии боқимондаи маҳалла чоҳҳои дигари артезианӣ хизмат мерасонанд.
Аз рӯи гуфтаи сарвари филиали ноҳиявии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Самарқанд сув таъминоти» Азиз Файзиқулов аз 74 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо 67-тоаш бо оби мутамаркази ошомиданӣ пурра таъмин мебошанд. 7 маҳаллаи боқимонда аз манбаҳои дигар, аз қабили чашма, чоҳҳои артезиании шахсӣ ва худи маҳаллаҳо истифода мебаранд. Дар доираи барномаҳои давлатӣ баҳри пурра бо оби ошомиданӣ таъмин намудани ин маҳаллаҳо иншооти обтаъминкунӣ ва шабакаҳои обгузар бунёд карда мешаванд.
Дар айни замон дар шӯъбаи «Самарқанд тумангаз» шумораи умумии истеъмолгарони гази табиӣ 20 ҳазору 951 нафарро ташкил мекунад. Дар ноҳия 30 маҳалла (25 маҳалла ба қадри кофӣ) бо гази табиӣ таъмин карда шудаанд. Сокинони маҳаллаҳои дигари ноҳия аз гази моеи фишурдашудаи баллонӣ истифода мебаранд.
Дар доираи тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024—2025, 11 километр қубурҳоро рангубор карда, ҳолати 24 километр лӯлаҳои гази зеризаминӣ санҷида шуданд. Ҳамчунин, 23 километр қубурҳои газро бо фишори ҳаво тоза карда, санҷиданд. 1 нуқтаи газтақсимкунии фишори баланд пурра аз таъмир баромадааст. 84 пункти газтақсимкунандаи фишори миёна пурра аз назар гузаронда шудаанд.
Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ба аҳолӣ ба таври иловагӣ 250 баллони гази маишӣ тақсим карданд.
М.ҶУМЪАЗОДА
