Ovozi.uz

Қариб 245 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Девони Вазирони мамлакат аз 11-уми июни соли 2024 «Дар бораи чораҳои таъмини барқарории нархи бозори дохилӣ ва хариди гандум аз ҳосили 2024» ходимони Садорати вилоятии «Ӯзагроинстпексия» ва филиали Муассисаи давлатии Маркази баҳодиҳии сифати маҳсулоти хоҷагии қишлоқ гуруҳи корӣ ташкил намуда, ба пунктҳои қабули ғалла вобаста карда шуданд. Мувофиқи нақша дар корхонаҳои қабули дони вилоят қабул ва нигаҳдории 228 ҳазор тонна ғалла ба нақша гирифта шуда буд.
— Имрӯз аз ҷониби кластер ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 244 ҳазору 504 тонна ҳосили соли 2024_и ғалла қабул карда шуд, — гуфт ҳангоми анҷумани матуботӣ мудири шӯъбаи назорати сифати маҳсулотҳои азнавкоркарди дон ва маҳсулотҳои донии садорати «Ӯзагроинспексия»-и вилоят Рашид Собиров. — Инро ба таври дигар гӯем, 107,2 дарсадро ташкил мекунад. Аз ин миқдор 87619 тоннааш дар ҳисоби захиравӣ, 146151 тонна барои нигаҳдории муваққатӣ (биржа) ва 10734 тоннааш барои тухмӣ қабул карда шудаанд.
Дар рафти саволу ҷавобҳо маълум гардид, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 аз ҷониби шӯъбаи назоратии садорати «Ӯзагроинспексия» вилояти Самарқанд 147 чорабинии назоратӣ гузаронида шудааст. Дар рафти чорабиниҳои назоратӣ барои бартараф намудани камбудӣ ва қонуншиканиҳо 146 дастури хаттӣ ва 1 огоҳинома тартиб додаанд.

Б.РУСТАМЗОД