Ovozi.uz

Фарзандони оилаҳои ниёзманд дар Корея таҳсил мегиранд

Дар Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд (ДБТС) барои донишомӯзоне, ки аз байни фарзандони оилаҳои ниёзманди ҳифзи иҷтимоии вилоят дар асоси озмун интихоб гардидаанд, ба мактаби миёнаи Чимчеони Корея(Gimcheon High School) курсҳои омодагӣ кори худро оғоз намуд.
Дар Стратегияи “Ӯзбекистон – 2030” ду маротиба кам кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути омӯзонидани касбу ҳунари серталаб ба ҷавонони кишварамон муқаррар гардидааст. Барои расидан ба ин мақсад дар мактабҳои бонуфузи ҷаҳон роҳандозии таҳсили шогирдони боистеъдоди мактабҳои мамлакатамон низ зикр гардидааст.
Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд бо мақсади татбиқи ин лоиҳаи иҷтимоӣ бо мактаби миёнаи Гимчеони Корея меморандуми ҳамкорӣ имзо кардааст. Мувофиқи он, донишомӯзоне, ки аз ҷониби ДБТС аз миёни фарзандони оилаҳои ниёзманди ҳифзи иҷтимоии вилояти Самарқанд дар асоси озмун интихоб шудаанд, дар мактаби миёнаи Гимчеон таҳсил мекунанд.
Чанде пеш Институти технология ва фарҳанги Кореяи тобеи ДБТС, Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят, Садорати вилоятии Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дигар дар байни 31 нафар фарзандони оилаҳое, ки дар “Дафтари оҳанин” сабти ном шудаанд, санҷиши тестӣ гузаронида шуд. 7 нафар донишомӯзи боистеъдод, ки аз ин марҳала гузаштанд, дар марҳилаи дуюм дар асоси мусоҳиба бори дигар имтиҳон супориданд ва 5 нафари онҳо барои таҳсил дар Корея тавсия шуданд.
– Акнун ба ин 5 нафар донишомӯзе, ки аз ноҳияҳои Иштихон, Оқдарё, Каттақӯрғон ва Ургути вилоят ҳастанд, дар давоми 6 моҳ, яъне то моҳи декабри соли ҷорӣ дар асоси гранти махсуси раиси Шӯрои васигии ДБТС Бахтиёр Фозилов профессор-устодони донишгоҳи мо зинаи ибтидоии забони кореягӣ, математика ва забони англисиро дар курсҳои махсус меомӯзонанд, – гуфт ректори Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд, профессор Юсуф Абдуллоев. – Донишомӯзон дар даври таҳсил бо хобгоҳ ва се маротиба хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Сипас, онҳоро барои таҳсил ба мактаби миёнаи Гимчеон мефиристанд. Ба хонандагон дар мактаби миёнаи Гимчеон дар давоми се сол стипендия дода мешавад. Инчунин, барои таҳсил шароитҳо фароҳам гардида, бо манзили зист, билет ба Корея ва китобҳои дарсӣ таъмин мегарданд. Донишомӯзон пас аз хатми мактаб ҳуқуқи таҳсилро дар донишгоҳҳои бонуфуз ба даст меоранд. Аз ҷумла, ба донишгоҳи мо бе имтиҳон қабул карда мешаванд. Чанде пеш дар ҷараёни сафари худ ба Ҷумҳурии Корея аз ин мактаб низ дидан карда, бо равандҳои таҳсили онҷо шинос шудем, бо роҳбарон вохӯрда, табодули афкор кардем.
Дар Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд ба муносибати оғози курсҳои таълимии омодагӣ ба мактаби миёни Гимчеон бо падару модари донишомӯзоне, ки аз озмун бомуваффақият гузаштанд, вохӯоӣ доир гардид.
– Набераам Шоҳимардон имкони таҳсилро дар мактаби Корея ба даст овард, ки аз ин мо хеле хурсандем, — гуфт сокини маҳаллаи Бешкапаи ноҳияи Ургут Шароф Қурбонов. – Барои фароҳам овардани чунин имконият ба роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд ташаккур мегӯям. Имрӯз мо ба донишгоҳ омада, бо шароитҳое, ки барои наберагонамон фароҳам оварда шудааст, шинос шудем, бо профессорону муаллимон суҳбат кардем. Ҳама чиз хеле хуб ташкил карда шудааст. Бовар дорем, ки ин ҷавонон дар Корея хуб таҳсил карда, чун мутахассисони варзида ба пешрафти кишварамон хизмат мекунанд.
– Ба мо занг зада гуфтанд, ки аз озмун бомуваффақият гузаштам, — иброз дошт сокини маҳаллаи Темираки ноҳияи Оқдарё Озодбек Йӯлдошев. – Ин дар ҳаёти ман як рӯзи таърихӣ гардид ва ҳоло мо пеш аз сафар ба Корея дар курсҳои ибтидоии донишгоҳ таҳсил мекунем. Барои таҳсили мо тамоми шароитҳо фароҳам гардидааст. Дарсҳои мо низ дар сатҳи аъло ташкил мегарданд. Ягона талабе, ки дар назди мо гузошта шудааст, хуб хондан ва дар Гимчон таҳсилро бомуваффақият идома додан мебошад.

Асила ИБРОҲИМОВА