Ovozi.uz

Мизоҷон хурсанд

Ҳамагӣ як сол қабл аз ин тадбиркори ҷавон Алишер Исмоилов дар шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд корхонаи муштараки Ӯзбекистон-­Русия — «Тандем текс­тил»-ро ташкил карда буд, ки аллакай дар шаҳри Санкт-­Петербург харидорони маҳсулоти он хеле афзудаанд.
— Бо дастгирӣ ва ҷонибдории Сарвари давлатамон барои фаъолияти тадбиркорӣ аз бонк қарз гирифта, бо дӯхтани палто ва курткаи наврасон машғул шудем,- гуфт Алишер Олимович. — Дар натиҷа беш аз 100 нафар бонувон бо кор таъмин гардиданд. Дӯкондорҳои Санкт-­Петербург ба муддати се сол шартномаи ҳамкорӣ бастанд.
— Алишер Олимович, ашёи хом ва андозаҳои либосҳои ба талаботи мизоҷон маъқулро аз куҷо пайдо мекунед?
— Аз Чин дастгоҳҳои замонавӣ овардем ва тарҳи либосҳоро аз Русия гирифтем. То имрӯз маҳсулот бо арзиши беш аз 2 миллион доллари амрикоӣ, бо бренд (тамға)-и «Дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст» экспорт гардид.
— Ман, сокини маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳастам, — худро муаррифӣ намуд дӯзандаи соҳибтаҷриба Нодира Ҷабборова. — Сирру асрори ин касбро аз мураббиёни рус омӯхта, ҳоло мустақилона меҳнат мекунам. Аллакай чанд нафар шогирдон дорам.
Дар ин ҷо барои мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва аз рӯи меҳнат даромад мигирем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА