Ovozi.uz

Президент ба боғбони сирдарёӣ автомашинаи «Тreker» тӯҳфа намуд


Прездент Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташриф ба вилояти Сирдарё ба истиқоматкунандаи маҳаллаи Пахтакони ноҳияи Сайҳунобод, боғбон Турсунбой Арипов автомкашинаи «Тreker» тӯҳфа кард. Дар ин бора ӮзА хабар медиҳад. Бобои деҳқон фаъолияти кориашро аз 15 солагӣ, аз кори колзоз сар карда, баъдтар дар фермаи чорводорӣ 40 сол меҳнат кардааст. -Ташрифи Президент ба маҳалламон барои ман хотирмон ва аз ҳама бахти баланд буд-мегӯяд, Бобои Турсунбой. -Ҳангомии ташриф роҳбари давлат ба ман автомашинаи «трекер » тӯҳфа кард. Сипас, дар маҳалла ба роҳ мондани парвариши ангур ва дар ин соҳа мураббӣ шуданамро таъкид намуд. Ин хабарро ҳамсояҳо, хешу таборон, дӯсту бародарон, ҳаммаҳалагон шунида, маро табрик ва дастгирӣ намуданд. Акнун аҳолии ноҳияи мо низ ба монанди маҳаллаи Узумчии ноҳияи Олтиариқи водии Фарғона бо ангурпарварӣ шуғл меварзанд.