Ovozi.uz

Вохӯрӣ бо ҷавонони маҳаллаҳои «Галаосиё» ва «Фурқат»

Дирӯз ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов бо ҷавонони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Галаосиё» ва «Фурқат»-и шаҳри Самарқанд вохӯрд. Мулоқот, ки бо мақсади шунидани муаммоҳои ҷавонон, кумакрасонӣ дар ҳалли онҳо доир гардид, дар шакли саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ҷавонон асосан аз рӯйи кӯмакрасонӣ дар омӯхтани касбу ҳунар, ҷудо кардани кредит барои оғози фаъолияти тиҷоратӣ, субсидия барои хариди хонаву ҷой, пардохти маблағи шартномаи таҳсилгирандагони муассисаҳои таълими олӣ, харидани асбобҳои зарурӣ барои пеш бурдани фаъолияти корӣ, нафақа ва дигар масъалаҳо муроҷиат карданд.
Эркинҷон Турдимов ба сабабҳои мунтазам дар дарсҳо иштирок накардани донишҷӯён, инчунин, шароити зист ва чӣ гуна мушкилот доштани онҳо мароқ зоҳир кард.
Барои расондани ёрии амалӣ ба ҷавонон аз рӯи зиёда аз 50 масъалае, ки дар мулоқот ба миён гузошта шуданд, масъулон таъин гардиданд. Иҷрои масъалаҳо таҳти назорат гирифта шуд.

Хидмати матбуоти
ҳокимияти вилоят.