Дирӯз 688‑солагии зодрӯзи арбоби бузурги давлатӣ, асосгузори давлати мутамарказ, сарпарасти илм ва маданият, Соҳибқирон Амир Темур дар шаҳри Самарқанд васеъ ҷашн гирифта шуд.
Мувофиқи анъана, нахуст намояндагони ҳокимиятҳои вилоят ва шаҳр, ходимони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, хизматчиёни ҳарбии Округи марказии ҳарбӣ, устодони муассисаҳои таълимӣ бо сарварии ҳокими вилоят Э. Турдимов мақбараи Амир Темурро зиёрат карда, ҷаҳонгири бузургро ба хотир оварданд. Дар он ҷо Қуръон тиловат карда шуд.
Сипас, иштирокдорони тадбир ба пояи муҷассамаи Соҳибқирон гул гузошта, ба хотираи ӯ эҳтиром ба ҷо оварданд.
— Амир Темур рамзи ифтихор, сарбаландӣ, худогоҳиву тавоноии мо аст, — иброз дошт раиси шӯъбаи Хазинаи «Нуронӣ» дар вилояти Самарқанд Шӯҳрат Неъматов. — Ҳар инсоне, ки ба ин масканҳои муқаддас меояд, рӯҳи бобои бузургвор ва дигар гузаштагони моро эҳсос мекунад ва аз онҳо тавоноии маънавӣ мегирад. Дар дил эҳсоси авлоди муносиби бузургону мутафаккирони кишвар шудан пайдо мешавад. Аз ин рӯ, ҷавонони мо бояд ин мақбара ва муҷассамаи Соҳибқиронро бештар зиёрат кунанд, рӯзгор ва таърихи давлатдории ӯро омӯзанд.
Ёдовар мекунем, ки чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таълими олӣ, осорхонаҳо ва дигар ташкилотҳо низ гузаронида шуданд.
Мухбири рӯзнома.
