Аз ҷониби Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд прес-тур ташкил гардид. Иштирокдорони прес-тур нахуст аз ташкилоти томактабии рақамии 109-и шаҳри Самарқанд дидан карда, бо шароитҳои муассиса шинос шуданд.
Масъулини муассиса гуфтанд, ки бино дар доираи инвеститсияи соли 2021 ба ивази 4 миллиарду 368 миллион сӯм аз нав таъмир гардида, соли 2022 ба истифода супурда шудааст.
Сипас, иштирокдорони прес-тур бо ҷараёни дарсгӯии Сунита Башпаи ҳиндустонӣ, ки дар мактаби таълими умумии рақами 21-и ноҳияи Тайлоқ дарс медиҳад, шинос шуданд. Сунита Башпа дар доираи лоиҳаи ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои омӯзонидани забонҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ таҳия шудааст, ба мактаби мазкур ҷалб гардидааст.
Дар манзили навбатӣ, ходимони ВАО ва масъулини садорати таълими номбурда ба мактаби интернатии рақами 61-и шаҳри Самарқанд рафта, ҷараёнҳои дарс ва шароитҳои таълимии муассисаро аз назар гузарониданд. Зикр гардид, ки дар мактаб қариб 10 намуди ҳунармандӣ ба донишомӯзони ниёзманди таълими алоҳида (кар ва шунавоиашон паст) омӯзонида мешавад.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
Муассисаҳои таълимӣ ҳамқадами замон пеш мераванд
