Дар факултети забонҳои шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд аз рӯйи самти журналистикаи байналмилалӣ имтиҳонҳои эҷодӣ гузаронида шуд. Имтиҳонро ҳайати комиссия аз Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон гирифтанд.
– Имтиҳони эҷодӣ дар ду марҳила гузаронида шуд, — гуфт дотсенти Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон, номзади фанҳои филологӣ Ферхан Алламбергенова. – Донишгоҳи мо муассисаи таълими олии такягоҳӣ ба ҳисоб рафта, нахуст дар асоси мавзӯъҳои тасдиқшуда имтиҳони хаттӣ гирифтем. Бо мақсади таъмини шаффофӣ ва ошкорагӣ дар даҳ вариант саволҳо овардем. Дар ҳар гурӯҳ довталабон яке аз ин вариантҳоро интихоб карданд. Дар ҳар як вариант панҷтоӣ савол ҳаст. Довталабон дар марҳилаи аввал иншо навиштанд ва дар зинаи дуввум аз сӯҳбат гузаштанд. Дар рафти сӯҳбат асосан аз шавқмандӣ, мушкилоти соҳа, дар ин соҳа киҳоро мешиносанд ва чаро эҷоди онҳоро меписанданд, пурсон шудем. Бо саволҳои гуногун ҷаҳонбинии довталабонро баҳо додем.
Инчунин, дар рафти сӯҳбат корҳои эҷодии довталабон, ки дар воситаҳои ахбори оммавӣ инъикос ёфтаанд, ба инобат гирифта шуд. Бояд гуфт, ки соли равон ба самти журналистикаи байналмилалии донишкада 134 нафар довталабон ҳуҷҷат супорида, аз онҳо 25 нафар ба хондан қабул мегарданд.
Имтиҳонҳои эҷодӣ сар шуд
