Ovozi.uz

Аз ташкили саёҳати бонувон то таъмини истироҳати бачагон

Рӯзи 11-уми июли соли равон дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба корҳое, ки аз тарафи иттифоқҳои касаба бобати ҷалби зану духтарон ба туризми дохилӣ, инчунин, солимгардонии бачагон дар истироҳатгоҳҳо амалӣ мегарданд, анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Сӯҳроб Рафиқов ба иштирокдорон дар бораи корҳое, ки аз ҷониби иттифоқҳои касабаи вилоят дар ин самт иҷро шудаанд, маълумот дод.
Саёҳати 13271 нафар бонувон ташкил гардид
Дар моҳҳои январ-июли соли равон дар доираи барномаи “Бар саросари Ӯзбекистон саёҳат намо!”, ки барои ривоҷдиҳии сайёҳӣ дар сохтори иттифоқи касаба нигаронида шудааст, саёҳати 13271 нафар зан ва духтарон ба саросари кишвар ташкил гардид. Аз ҷумла, 8878 нафар бонувон аз мавзеъҳои сазовори диққати минтақаҳои худ дидан карда бошанд, 4393 нафар ба шаҳрҳои таърихии мамлакатамон саёҳат карданд.
Инчунин, дар моҳҳои январ-майи соли равон таҳти шиори “Бар саросари Ӯзбекистони Нав саёҳат бикун!” сафари серӯзаи 852 нафар кормандони корхонаву ташкилотҳои гуногун ва аъзои оилаи онҳо ба шаҳри Хоразм ва саёҳати дурӯзаи 299 нафар ба шаҳри Тошканд ташкил карда шуд.
То анҷоми сол боз ташкили саёҳати 900 нафар ба шаҳри Хоразм ва 250 нафар ба шаҳри Тошканд дар назар аст.
Истироҳати 9610 нафар бачагон пешбинӣ шудааст
Дар мавсими тобистон дар 16 истироҳатгоҳи статсионарии вилоят ташкили истироҳати 9610 нафар бачагон пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар назди Департаменти ташкили истироҳат ва солимгардонии бачагони тобеи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон 11-то, дар назди шӯъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Ҷомбой истироҳатгоҳи “Қалдирғоч”, дар ноҳияи Пахтачӣ истироҳатгоҳи “Хумор”, инчунин, дар ноҳияҳои Ургут ва Каттақӯрғон истироҳатгоҳҳои хусусии “Дӯстлик” ва “Баркамол авлод” фаъолият доранд.
Дар 15 истироҳатгоҳи солимгардонии вилоят аз 10-уми июни соли равон мавсими “Тобистон-2024” оғоз гардида, дар даври аввал 2403 нафар ва дар даври дуввум 2550 нафар истироҳат карданд. Аз 8-уми июли соли равон дар 12 истироҳатгоҳи солимгардонӣ даври сеюм оғоз ёфт ва ҳоло 1732 нафар бачагон дар ин масканҳо вақти худро хушу хотирмон мегузаронанд. Дар 3 истироҳатгоҳ бошад, ҳоло даври дуввум идома дорад.
Бояд гуфт, ки барои фаъолият дар истироҳатгоҳҳои статсионарӣ 306 нафар омӯзгорони ботаҷриба ҷалб карда шудаанд. Инчунин, бо мақсади таъмини осоиштагӣ ва бехатарии мавсим аз Садорати корҳои дохилӣ 50 нафар, аз Гвардияи миллӣ 15 нафар, аз Садорати вазъиятҳои фавқулодда 15 нафар, аз муассисаҳои тиббии Садорати ҳифзи тандурустии вилоят 36 нафар шифокор ва 36 нафар парастор, аз Садорати осоиштагии санитариву эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ 15 нафар кормандони масъул ҷалб гардидаанд.
Дар анҷумани матбуотӣ дар бораи солимгардонии кормандони корхонаву ташкилотҳо ва аъзои оилаи онҳо дар сиҳатгоҳҳо, кор бо муроҷиати шаҳрвандон, ҳифзи иҷтимоии бонувон ва рафти корҳо аз рӯйи “Дафтари бонувон”, инчунин, таъмини шуғли зану духтарон низ маълумот дода шуд.
Ф.ЮЛДОШЕВ