Мазаи картошкае, ки деҳқонони маҳаллаи Бешбола парвариш кардаанд, ҳамеша дар даҳонатон мемонад. Деҳқонони маҳаллаи Зарафшон анъанаи лимӯпарвариро ёд гирифтанд. Ҳоло лимӯҳои хоҷагии онҳо ба хориҷа бароварда мешавад. Маҳаллаи Деҳқонобод, ки дар парвариши карам ва сирпиёз ҳамто надоранд, ба мактаби омӯзиши таҷриба табдил ёфтааст. Баъзе навъҳои пиёзеро, ки дар баъзе қитъаҳои замини ин ҷо парвариш мекунанд, ширин асту шуста, бо нони гарм мехӯранд.
Фарзандони оилаҳо аз зодгоҳи худ дур намераванд, дар мактаб мехонанд ва дар хониш азхудкунии фанҳояшон баланд аст. Модар вақт дорад, ки аз болои тайёркунии дарси фарзандаш доимо назорат кунад. Дар канори дигари ҳавлӣ истода бошад, ки дар суфа нишаста, овози фарзандашро, ки шеър аз ёд мекунад, ё ҳикоя мехонад, шунида, гапзанон карда метавонад. Модар банди корҳои худ шуда, ҳамин тавр ба иҷрои вазифаи хонагӣ ёрӣ мерасонад.
Дар замини наздиҳавлигӣ баробари кор кардан, ба бачагон интизом, одоб, поквиҷдониро омӯзонидан ва таълим додан мумкин аст.
Дар байни мардуми мо мақоле ҳаст: «Аз назар дур, аз дил дур». Дар оилаҳое, ки барои пул, гузаронидани рӯзгор шуда, ба хориҷа мераванд, ба тарбияи фарзанд шикаст мерасад. Ягон хато ё ҷинояти кӯдаки ба кӯчаи бад даромада ба оила таъсири манфӣ расонад, гум шудан ва ё фиребхӯрии як духтарак тамоми ҷомеаро доғдор мекунад. Мардуми мо мегӯянд: «Ҳар ҷоро макун орзу, дар ҳама ҷо ҳаст сангу тарозу».
Дар хонадонҳо аз имкониятҳои мавҷуда чӣ хел истифода бурдаанд, дар фасли зимистон баръало намоён мегардад. Яъне, кадом оила чӣ қадар даромад ва фоидаи иловагӣ мегирад. Ҳоло мо хуб медонем, ки ҳар кореро сар карданӣ шавем, онро аз рӯи нақшаи пешакӣ амалӣ мегардонем. Масалан, растании малина намиро дӯст медорад. Оилаҳое, ки ба парвариши малина сару кор доранд, аз оби чашма истифода мебаранд. Дур аз оби чашма усули обёрии қатрагиро истифода мебаранд.
Кирмакпарварони мо аз ҷумлаи онҳоеанд, ки аз хона набаромада, даромад мегиранд. Дар маҳаллаи Саричашма баробари аз заминҳои наздиҳавлигиашон ҳосили фаровон бардоштан аз парвариши тухми кирмак ҳам даромади калоне ба даст меоранд. Бо номи «Пиллаи Марвар», ки дар ноҳия машҳур шудааст, имрӯзҳо таҷрибаи кирмакпарварии Марварапа Бӯриеваро на танҳо дар ноҳия, ҳатто дар вилоят ҳам меомӯзанд. Ӯ дар хонаи худ лаборатория таъсис дода, тухми кирмак паҳн мекунад ва хона ба хона гашта, ба кирмакпарварон маслиҳат медиҳад. Барои ҳамин дар ин бобат ӯро ба вилояти Ҷиззах ҳам даъват мекунанд.
— Медонед, маслиҳат пулро талаб мекунад. «Марварапа пои кирмаки ночизро дошта, набзи онҳоро медонад», гапи ҳазоломези ба ҳақиқат наздик паҳн аст дар байни ҷомбоиҳои мо, — мегӯяд X. Раҳимова.
Заҳмати имрӯзаи кирмакпарваронро бо кирмакпарварии дирӯза муқоиса карда намешавад. Як моҳ кор карда, даромадаи яксоларо гирифтан мумкин аст.
Музди меҳнатро баъди чен карда супурдани пилла дар давоми се руз ба даст меоранд. Як моҳ кор карда бошанд ҳам, дар дафтарчаи мехнатӣ дар байни шахсоне, ки як сол кор кардаанд, рӯзи меҳнат қайд карда мешавад. Пас аз як моҳи кирмакпарварӣ аз дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ даромад ба даст меоранд.
Соҳиб САЙФУЛЛОЕВ
