Ovozi.uz

«Шоҳнома» — ёдгории дорои аҳамияти ҷаҳонӣ

Шоири бузурги форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ тақрибан соли 945 дар оилаи марди заминдори шаҳри Тӯс таваллуд шуда, соли 1020 дар ҳамон ҷо фавтидааст. Хидмати бузурги шоир дар адабиёти форсу тоҷик аз он иборат аст, ки достонҳои нотамоми «Шоҳнома»-и Дақиқиро ба риштаи назм кашид:
Яке бандагӣ кардам, эй шаҳрёр,
Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад ин нома бас умрҳо бигзарад,
Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад.
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.
Фирдавсӣ шоҳасари худро ба итмом расонида, ба Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (998–1030) тақдим кард, вале он ба вокуниши манфие дучор шуд. Зеро мазмуни асар хилофи сиёсати таҷовузкоронаи султон буд. Ин сабаби аслии рад кардани асари Фирдавсӣ гардид ва ӯ барои фаъолияти 35 солаи худ на танҳо ягон подош нагирифт, балки ба таъқиб дучор шуда, солҳои зиёди умрашро дар бадарға ба сар бурд.
«Шоҳнома» достони миллии халқҳои форсу тоҷик буда, аҳамияти ҷаҳонӣ дорад ва аз замони пайдоишаш шӯҳрати фавқулода пайдо кардааст. Ҳангоми рӯйбардор шудани такрорӣ аз ҷониби хаттотон, матн ба таҳрифҳои сершумор дучор шуда, баъзе иловаҳои бегона низ ба он дохил шудаанд.
Нахустин нашри илмии «Шоҳнома» дар Ҳиндустон ба табъ расидааст, ки аз рӯи 17 нусхаи дастнавис аз ҷониби олими англис Т. Макан (1829) ба анҷом расид. Баъдтар нашри фаронсавии он дар Париж аз ҷониби олими франсавӣ Ҷ. Моле дар асоси 30 дастнавис (1838–78) ба чоп расид. Олими олмонӣ И.А. Вуллерс матни бо муқоисаи нашри Макан ва Моле тартибдодашударо, ки аз 9 ҷилд 3 тоашро фаро гирифта буд (солҳои 1877–84) чоп кардааст. Ин нашри нотамом дар Теҳрон дар солгарди ҳазорсолаи Фирдавсӣ дар солҳои 1934-36 аз ҷониби олимон Саид Нафисӣ, Иқбол ва М.Минувӣ анҷом ёфтааст.
Нахустин нашри илмии матни «Шоҳнома», ки дар асоси усулҳои муосири интиқоди матнӣ таҳиякардаи Э.Е. Бертелс ва бо истифода аз нусхаҳои дастхатҳои қадимӣ (асрҳои 13–14) ба анҷом расид, аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмии Шарқшиносии Академияи Фанҳои собиқ шӯравӣ (ҷилдҳои 1–9, 1960–71) сурат пазируфт. Аз соли 1971 ин ҷониб ин матн дар Теҳрон дубора нашр гардид. Аз ҷумлаи луғатномаҳои вижаи «Шоҳнома», ки шоёни зикр аст, луғатномаҳои Абдулқодири Бағдодӣ (1656) ва олими олмонӣ Ф. Вулф (1935) ба шумор мераванд.
Ба Фирдавсӣ, инчунин як қатор ашъори лирикӣ ва достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро низ нисбат медиҳанд, вале ин собит нашудааст.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз ҷиҳати таркибӣ ба 50 қисм ҷудо шудааст. Барҷастатарин достонҳои он «Зол ва Рудоба», «Ҳафт хони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Сиёвуш», «Ҳафт хони Исфандиёр», «Рустам ва Исфандиёр», «Бежан ва Манижа» ва ғайра мебошанд. «Шоҳнома» аз се бахши бузург — асотирӣ, қаҳрамонӣ, таърихӣ (аз зуҳури Искандари Мақдунӣ) таркиб ёфтааст.
«Шоҳнома»-ро ғояи муборизаи некӣ ва бадӣ фаро гирифтааст, ки аксар вақт дар шакли мухолифати байни адолат ва зулм зоҳир мешавад. Инчунин, дар он як қатор образҳо, ки афкори Фирдавсиро дар бораи шоҳи идеалӣ таҷассум кардаанд, тасвир ёфтааст. Идеяи дигари асосии асар муҳаббат ба Ватан аст. Дар «Шоҳнома» қаҳрамонону шоҳон ҳифзи сарзамини худро аз ҳамлаи истилогарони хориҷӣ вазифаи муқаддас медонанд.
Дар шоҳасар ғояи ҳамдардӣ нисбат ба меҳнаткашон, пеш аз ҳама деҳқонон низ мавқеи муҳим дорад. Фирдавсӣ шоҳонро даъват мекунад, ки дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ кунанд, дар сурати рӯй додани офатҳои табиӣ андоз наситонанд, амалдоронро аз худсарии мансабдорӣ нигоҳ доранд. Дар «Шоҳнома» образи мардуми оддӣ, махсусан шӯришҳои халқӣ бо сарварии Коваи Оҳангар ва Маздак (асри V) барҷаста ифода ёфтааст, ки ин асоси умумии шоҳасарро ташкил медиҳад ва бар хилофи ҷаҳонбинии давраи шоир мебошад. Чунончи, шоир гуфтааст:
Бибахшой бар мардуми мустаманд,
Зи бад дур бошу битарс аз газанд.
Бибахшой аз дард бар мустаманд,
Маёвар дилаш сӯи дарду газанд.

«Шоҳнома» ба бисёр забонҳои Аврупо, аз ҷумла забони русӣ тарҷума шудааст. Таъсири он ба адабиёти форсу тоҷик, инчунин адабиёти дигар халқҳои Шарқ бузург буда, дар пайравии он достонҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд.

Фозил ШУКУРЗОДА