Шӯъбаи ноҳиявии Хазинаи «Нуронӣ»-и Булунғур дар китобхонаи ҷавонони маҳаллаи Булунғур «Вохӯрии се авлод»-ро ташкил карданд. Дар он роҳбари шӯъбаи «Нуронӣ»-и ноҳияи Булунғур О. Аҳмадов, сарвари шӯъбаи оила ва занону духтарони ноҳия Н. Маҳмадиёрова, роҳбари маънавият ва маърифати ноҳия А. Тӯраев, инчунин вакилони авлоди кӯҳансол ва ҷавонон иштирок карданд.
Дар ин чорабинӣ М. Неъматов, Х. Санақулова, Р. Бердиалиевҳо дар бораи шароиту имкониятҳое, ки имрӯз дар кишварамон барои собиқадорон ва ҷавонон ба вуҷуд оварда шудааст, сухан ронданд. Хусусан, оиди қадамҷойҳои бузурги ноҳия ҳарф заданд ва баландшавии қадри инсонро таъкид намуда, шукронаҳо ба ҷо оварданд.
Дар охири ҷорабинӣ чанд нафар фаъолон бо ташаккурномаи шӯъбаи ноҳиявии хазинаи «Нуронӣ» сарфароз гардонида шуданд.
Раббим ҲОТАМОВ
