Ovozi.uz

22-юми март — рӯзи таваллуди Мирзо Улуғбек

Дар осорхона-маҷмуаи Мирзо Улуғбеки шаҳри Самарқанд бахшида ба 630 солагии олими бузург тадбири маърифӣ гузаронида шуд.

Дар он намояндагони ҷамоатчигии вилояту шаҳр, профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълими олӣ, ҷавонон, фаъолони маҳалла ва сайёҳони хориҷӣ ширкат варзиданд.

Узви Сенати Олий Маҷлис Фармон Тошев, ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, сардори осорхона – мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд Хоҷақул Муҳаммадиев ва дигарон дар бораи фаъолияти Мирзо Улуғбек ҳамчун ҳоким ва ситорашиноси бузург суханронӣ карданд.

— Соли гузашта ба яке аз раҳбарони вилоятҳои Чин, ки ба вилояти мо омада буданд, китоби «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ»-и Мирзо Улуғбек, ки ба забони чинӣ аз нашр баромадааст, ҳадя кардем, — гуфт Р.Қобилов. — Баъдтар, вақте ба Чин рафтем, ҳамон роҳбар дар мулоқот бо мо гуфт, ки китобро хонда баромадаст ва аз шаш аср пеш бо чунин аниқӣ муайян намудани 1018 ситора аз ҷониби Улуғбек то ҳол, дар замони илму техникаи пешқадам тақрибан фарқ надорад.

Дар чорабинӣ ҳунармандони Самарқанд, мактаббачагон намунаҳои асарҳоеро қироат карданд, ки дар онҳо султону олими бузург ситоиш карда шудаанд.

Дар анҷоми маросим ба пояи муҷассамаи Мирзо Улуғбек гулҳо гузошта шуданд.