Ovozi.uz

Шоири маорифпарвар ва хаттоти хушнавис

Фахриддин Роҷӣ(1880–1937) аз беҳтарин шоирони маорифпарвари Мовароуннаҳр буда, фаъолияти эҷодии ӯ ба нимаи аввали асри ХХ рост меояд. Ӯ соли 1880 дар гузари Зингарони шаҳри Самарқанд дар оилаи шоир Нуриддини Ҳодӣ таваллуд шуда, маълумоти ибтидоиро дар назди падараш мегирад. Азбаски падараш хаттоти хеле хушхат буд, Роҷӣ аз айёми бачагӣ касби хаттотиро меомӯзад. Баробари ин, ба кӯмаки падар аз илмҳои шеъру шоирӣ ва олами ислом баҳравар мешавад.
Он айём дар шаҳрҳои марказӣ, аз ҷумла Самарқанд, Бухоро, Қӯқанд ва Хива истилои мустамликадорони Россияи подшоҳӣ бо шиддат давом мекард. Намояндагони аморати Бухоро ба мардуми меҳнаткаш ҳар гуна ҷабру зулм намуда, азобу шиканҷа медоданд. Ҷамъият рӯз то рӯз рӯ ба таназзул меовард. Дар ин ҳангом Роҷӣ ҳамчун ҷавони болиғ дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд таълим гирифта, асрори фанҳои гуногунро аз бар мекард. Бо одамони пешқадам ва шоирони давраи худ ошноӣ пайдо намуда, дар шабҳои адабии ҷавонон, ки бо сарварии шоири машҳур Саидаҳмад Васлӣ ташкил мегардид, фаъол иштирок менамуд. Инчунин, навиштани шеърро машқ мекард.
Дар ибтидои солҳои 1900 дар музофотҳои Самарқанд бо ташаббуси маорифпарварон мактабҳои усули нав ташкил гардида, дар онҳо фарзандони мардуми маҳаллӣ баробари илмҳои динӣ, фанҳои дунёвиро меомӯхтанд. Вақте ки Роҷӣ соли 1912 мадрасаро хатм мекунад, дар ӯ низ ҳиссу ҳаваси мактабдорӣ пайдо мешавад. Ин аст, ки шоири ҷавон чанд муддат бо фаъолияти мактабҳои усули нави маорифпарварон Абдуқодир Шакурӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сиддиқии Аҷзӣ ва дигарон, ки дар маҳалҳои гирду атроф фаъолият дошт, ошно шуда, ниҳоят дар маркази гузари худ — Зингарон мактаби усули ҷадид мекушояд ва ба наврасон таълим медиҳад.
Мактаби Роҷӣ қариб даҳ сол фаъолияти пурсамар нишон дода, садҳо наврасон дар ин маскан илмҳои дунёвию диниро аз бар мекунанд. Баробари ин, мунтазам шеър эҷод мекард. Дар ашъораш масъалаи инсон ва муносибати ӯро ба рӯйдодҳои ҷомеа ба миён мегузошт. Инчунин, мактабу маориф, таълиму тарбия ва ғайра дар меҳвари мавзӯъҳои шеърҳои Роҷӣ қарор доштанд.
Тавре, ки гуфтем Роҷӣ хушнавис — хаттоти моҳир буда, ашъори баъзе шоирони давраи худро китобат низ мекард. Дар маҳфилу шабҳои адабӣ барои пешрафти кори мактабҳо, баланд бардоштани савияи маърифат ва маданияти ҳунармандону деҳқонон маърӯзаҳо менамуд. Барои дар Самарқанд ташкил кардани нашрияҳо фикрҳои дақиқи худро пешниҳод мекард. Дар ин бора шеърҳо навишта, мустамикадорони Россияи подшоҳиро нафрин мекард. Ӯ ҳимоятгари озодии халқи меҳнаткаш ва озодиву ободии ватани азизи худ буд.
1‑уми марти соли 1919 бо ташаббуси Саидризо Ализода аз номи як идда бедорфикрони ноҳияи Боғишамоли вилояти Самарқанд ба шӯъбаи маориф ва кумитаи ҳизбии вилоят бо мақсади таъсиси ҷаридаи мустақиле ё маҷаллае барои мардум ариза меояд.
3‑юми марти соли 1919 Ҳукумати Туркистон дар бораи таъсиси ҳафтаномаи «Шўълаи инқилоб» ва муҳаррири он таъин кардани Саидризо Ализода қарор қабул намуд. Аввалин касе, ки Ализода ба кор даъват кард, шоир ва хаттоти машҳури замон Фахриддин Роҷӣ буд. Тамоми 91 шумораи «Шўълаи инқилоб»-ро ӯ хушнависӣ кардааст.
Инчунин, дар ҳафтанома шеъру мақолаҳои баҳсталаби Фахриддин Роҷӣ чоп мегардиданд. Шеъри «Ҷаҳони нав»-и Роҷӣ, ки ба шарафи озодии Ватан ва дӯстии халқҳо бахшида шуда, дар «Шӯълаи инқилоб» чоп гардида буд, бо чунин мисраъҳо оғоз меёфт:
Эй туӣ муддаои ҳар миллат,
Эй туӣ муддаои ҳар уммат!
Офтобе шудаву шӯъла задӣ,
Шудӣ имрӯз ҳокими абадӣ…

Фаъолияти ҳафтаномаи «Шӯълаи инқилоб» 21‑уми декабри соли 1921 боздошта мешавад ва пас аз чанд сол, яъне 24‑уми августи соли 1924 бо ташаббуси арбоби ҷамъият, шоири маорифпарвар Абдуқаюми Қурбӣ ва Саидризо Ализода ва чанде равшанфикрон шумораи аввалини рӯзномаи «Овози тоҷик» рӯйи чоп меояд ва Роҷӣ дар рӯзнома ба ҳайси муҳаррири адабӣ фаъолияти худро давом медиҳад. Ӯ ҳамчун мутахассис ба чоп ва паҳн кардани рӯзномаи мазкур ҷонбозиҳои зиёд менамояд. Дар назди таҳририяти рӯзнома маҳфили адабӣ ташкил намуда, ҷавонони шоиртабъу шеърдӯстро дар атрофи худ ҷамъ менамояд, ба онҳо асрори шеър ва шеърнависиро меомӯзад.
Дар ибтидои солҳои сиюми асри гузашта бо даъвати Вазорати маорифи вилоят нахуст дар курси муаллимтайёркунӣ ва баъдтар дар филиали Омӯзишгоҳи педагогии Тоҷикистон дар Самарқанд кор кард ва барои тайёр кардани кадрҳои педагогӣ ба мактабҳои Самарқанду Бухоро ва Бухорои Шарқӣ (Тоҷикистони имрӯза) саҳми арзанда гузоштааст.
Чанде пеш абераи шоир Зайниддин ба мо ёддоштҳои олими забардасти илми адабиётшиносӣ, доктори фанҳои филологӣ, профессор Холиқ Мирзозодаро дар бораи Фахриддин Роҷӣ дастрас намуд, ки дар он чунин сатрҳо ҳаст «…Ман бо Роҷӣ шинос будам. Ман дар дорулфунуни Ӯзбекистон (Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Ҳ.Ҷ.) мехондам ва дар техникуми педагогии тоҷикии духтарона кор мекардам: ҷои корамон дигар — дигар буд. Ман ӯро бештар дар Растаи нав медидам, ки дар сар телпак, дар даст асо аз техникуми педагогии писаронаи шаҳр ба хона ва аз хона ба техникум равон буд. Ману Баҳром Ҳоҷизода донишҷӯ будем. Соли 1933 дар даромадгоҳи гузари Чақар (тарафи рост, рӯ ба рӯяш дарахти тут буд) дар ҳавлии беруни Роҷӣ иҷоранишин будем. Пагоҳиҳо вомехӯрдем. Бисёртар шабонгоҳ 2–3 соат нишаста, аз шеъру шоирӣ, эҷодиёти классикон ва илми хаттотӣ сухан мекард. Ба саволҳоямон аниқу боварибахш ҷавоб медод. Он солҳо шеърҳои Фахриддин Роҷӣ дар нашрияҳои «Шӯълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» хеле бисёр рӯи чопро медид. Муаллим ва хаттоти хуб ва нозиму муҳаррири нағз буд».
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Роҷӣ ба олимони забардаст Холиқ Мирзозода ва Баҳром Хоҷизодаҳо низ ҳаққи устодӣ дорад.
Сад афсӯс, ки соли 1937 Роҷӣ ҳам мисли садҳо қурбониёни маориф бо тӯҳмат ба репрессияи сталинӣ гирифтор шуда, дар маҳбусхонаҳои дурдасти Россия беш аз даҳ сол азобу шиканҷа кашид ва дар зери зулми мустабидон берун аз хоки ватан вафот кард. То ҳол ҷойи қабри ӯ маълум нест.

Ҳамза ҶӮРА.