Ovozi.uz

Вазифаҳои муҳим

Рӯзи 17‑уми июли соли равон таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев роҷеъ ба таҳлили нимсолаи аввали таъмини суръати афзоиши иқтисодӣ дар минтақаҳо, соҳаҳо ва муҳокимаи вазифаҳои устувор то анҷоми сол ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Аввал дар бораи корҳое ки амалӣ шудаанд, мухтасар сухан гуфта шуд. Дар шаш моҳи соли равон маҳсулоти умумии дохилӣ 6,4 дарсад, аз ҷумла дар саноат 7,8, дар сохтмон 10,1, хизматҳо 12,9, хоҷагии қишлоқ 3,8 дарсад афзудааст.
Даромадҳои буҷет ба 113 триллион сӯм расида, 14 дарсад зиёд гардидааст.
Умуман, аз оғози сол қимати иловагӣ, ки дар ҷумҳурӣ офарида шуд, ба 567,4 триллион сӯм, яъне ба 45,1 миллиард доллар расид. Чунин дастовард(рақам)-ҳо қаблан нашудаанд.
Дар даври гузашта сармогузориҳо ҳамагӣ 229 триллион сӯмро ташкил кард. 15,5 миллиард доллари он сармояҳои хориҷӣ мебошанд. Сармоягузорӣ дар ноҳияҳои Андиҷон, Булоқбоши, Қарокӯл, Кармана, Давлатобод ва шаҳрҳои Намангону Самарқанд аз 100 миллион доллар, ноҳияҳои Шароф Рашидов, Фориш, Янги Намангон, Оҳангарон аз 70 миллион афзуданд.
Аз оғози сол 3 ҳазор лоиҳаи 3,5 миллиард долларина роҳандозӣ гардида, 76 ҳазор ҷои кори доимии даромадаш калон фароҳам оварда шуд. Барои соҳибкорӣ 82 триллион сӯмина кредит ва 15,5 триллион сӯмина субсидия дода, 600 ҳазор нафар аҳолиро ба бизнес ҷалб карданд. Ба туфайли сабукӣ ва имтиёзҳо дар тадбиркорҳо 56,3 триллион маблағ мондааст.
Худи ҳамин сол барои обод намудани маҳаллаҳо, беҳдошти инфрасохторҳо чун кӯдакистон, мактаб, тиббиёт, роҳ, об, қувваи электр аз буҷет 31,5 триллион сӯм дода шуд. Илова бар ин боз 1,5 триллион сӯм медиҳанд.
Дар шаш моҳи гузашта, 18 600 хонадони нав сохта, ба 26 ҳазор оила супурда шуд ва ба онҳо наздик ба 7 триллион сӯм кредити ипотекавӣ доданд. Барои пардохти ибтидоӣ ва фоизи онҳо 545 миллиард сӯмина субсидия дода шудааст.
Роҳбари давлатамон дар ҷамъомад бештар роҷеъ ба муаммоҳо ҳарф зада, таъкид намуд, ки нақша ва вазифаҳои аниқро бояд муайян кард.
Акнун ҳокими ноҳия, роҳбари бонк ва раиси маҳалла дар бораи фаъолияти муштаракона шартномаи сетарафа мебанданд. То 1‑уми декабри соли равон дар асоси «Таҷрибаи Сайхунобод» барои хонадонҳо пакетҳои молиявӣ медиҳанд. Ба воситаи он шуғли 495 ҳазор аҳолӣ таъмин мегардад. Дар нимсолаи дуюм доираи барномаи «Соҳибкории оилавӣ» 1,5 баробар афзуда, 4 триллион сӯм ҷудо мекунанд.
Бар асоси «Таҷрибаи Уйчи» ҳокими ноҳия, роҳбарони бонк ва соҳибкорон вохӯрда, барои васеъ кардани бизнеси онҳо кӯмак мекунанд. Дар ин ҷо ҳоким масъалаҳои замин, электр, об, роҳ ва инфрасохторҳои дигарро, бонк бошад, маблағро ҳал мекунад.
Ҳамин тавр, то анҷоми сол шуғли 670 ҳазор нафар аҳолӣ таъмин хоҳад шуд.
Бар асоси «Таҷрибаи Ғиждувон» то анҷоми сол дар ҳазорто маҳалла биноҳои бисёрқабатаи саноатӣ ташкил карда мешаванд.
Дар онҳо истеҳсолоти хонадонҳо гузаронида мешаванд. Ин барои аз «соя» баровардани 140 ҳазор ҷои корӣ шароит фароҳам меорад.
Бар асоси «Таҷрибаи Зарбдор» дар соҳаҳои саноат, савдо, хизмат ва агротехнологияҳои замонавии ноҳияҳо лоиҳаҳои драйверӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Имсол барои амалӣ намудани онҳо ба тарзи иловагӣ 500 миллиард сӯп пешбини шудааст. Ба воситаи ин, боз 150 ҳазор ҷои корӣ муҳайё мешавад.
Гуфта шуд, ки акнун ба соҳибкорон имтиёз ва субсидияҳо бо нишондиҳандаҳои мақсаднок ба муддати як сол дода мешаванд. Ба натиҷаи онҳо нигоҳ карда, идома додани муддат ё ки бекор кардани онҳо мумкин аст.
Нисбати ҳокимони 28 шаҳру ноҳияҳо, ки дар фаъолияти худ ба норасоиҳо роҳ додаанд, ҷазои интизомӣ дида шуд.
Ҳокимони ноҳияҳои Қароӯзак, Тахиатош, Учқудуқ, Тошканд, Фурқат, Гурлан, Мирзообод, Янгиариқ, Мингбулоқ ва шаҳри Ғозғон аз вазифаашон сабукдӯш гардиданд.
Бо мақсади беҳдошти сифат ва тартиб Нозирот (инспексия)-и назорати соҳаи сохтмон ва хоҷагии комуналии хонаву ҷойро ба таркиби ҳукумат гузаронда, ваколатҳояшро васеъ намуданд. Чораҳои ҷазо нисбат ба сохтмонҳое, ки бе рухсат ё ки ба лоиҳа риоя накарда, амалӣ мегарданд, пурзӯр карда шуданд.
Дар лоиҳаҳои нав барои соҳибкорон аз электр ва газ гирифтани шартҳои техникӣ рақамӣ карда мешаванд. Дар ин ҷо сохтори нуқтаи васл ба шабакаро бе омили инсон, ба тарзи автоматӣ интихоб намудан роҳандозӣ мегардад.
Дар барномаи имсолаи сармоягузорӣ барои 1896 лоиҳа 20,5 триллион сӯм пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, 618‑то мактаб, 176‑то кӯдакистон, 80‑то шифохона ва 67‑то беморхона бунёд гардида, ҷиҳозонидани онҳо пешбинӣ гардидаанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки 2152 хонаву ҷои бисёрқабата барпо нумуда, ба истифода супурдани беш аз 100 ҳазор хонадон ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, беҳдошти таъминоти об дар 570 ҳазор гектар, сохтмони 13 ҳазор километр роҳ ва ба истифода супоридани 195‑то кӯпрук пешбинӣ шудааст.
Роҷеъ ба масъалаҳо оиди пурра роҳандозӣ кардани сохтори пардохти электронӣ дар нақлиёти ҷамоатӣ, маблағгузории кашондани мусофирон дар ҳамаи марказҳои вилоятҳо бар асоси брутто-­шартнома низ сухан гуфта шуд.
Ҳангоми таҳлили масъалаҳои содирот қайд гардид, ки аз оғози сол соҳа ва минтақаҳо 8,7 миллиард доларина маҳсулотро ба хориҷа фурӯхтаанд. Вале дар 9‑то ноҳия содирот ба нисфи нишондиҳандаи порсола низ нарасидааст.
Дар нимсолаи аввали соли равон содироти меваю сабзавот ва маҳсулоти хӯрокворӣ 910 миллион долларро ташкил кард. Дар ин соҳа дар навбати аввал зарурати якбора зиёд намудани содироти меваю сабзавоти аз нав коркард шуда, таъкид гардид.
Роҷеъ ба барпо кардани токзор ва боғҳои асоси саноатӣ дошта дар ҷои 75 ҳазор гектар боғҳои бесамар ва 100 ҳазор гектар заминҳои камҳосил барномаи сесола таҳия карда мешавад. Барои чунин боғҳо ба воситаи Бунёди ҳоҷагии қишлоқ кредити имтиёзнок медиҳанд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои вобаста ба барқарори молиявии кластерҳои пахта-­бофандагӣ низ баррасӣ гардиданд. Муддати кредити имтиёзноки барои онҳо дода шударо то 1‑уми апрели соли 2025 идома дода, муайян намуданд, ки имсол кредити имтиёзнок барои харидани пахта ба корхонаҳои ресмонресии кластер дода мешавад. Мақоми кластерҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ бесамар, кластерҳои маҷбурияти молиявиашон баланд аз нав баррасӣ мегарданд.
Вазифаи ба 50 дарсад расонидани дараҷаи механизатсияи пахтапарварӣ ва мева-сабзавотпарварӣ барои баланд бардоштани самарадорӣ гузошта шуд. Барои ин то анҷоми сол фермер ва деҳқонҳо боз бо 6,5 ҳазор техника таъмин карда мешаванд.