Роҳсозӣ
Дар ноҳияи Қӯшработ роҳҳои тахту ҳамвори асфалтпӯш зиёданд. Аз дидани онҳо ҳаваси одам меояд. Мутахассисони соҳа бо ифтихор ба мо гуфтанд, ки қариб 90 дарсади роҳҳои истифодаи умумии ноҳия мумфарш карда шудаанд. Бовариамон наомад. Сабабашро пурсем, роҳсозон гуфтанд, ки заводи асфалтбарорӣ доранд.
— Мо пештар асфалтро аз шаҳри Самарқанд меовардем, — гуфт сарвари шӯъбаи Муассисаи давлатии корхонаи истифодабарии роҳҳои ноҳия Исмоил Хидиров. — Аксар вақт бегоҳирӯзӣ навбатамон мерасид. То меовардем, вақт мегузашт ва сифати асфалт ҳам мекоҳид. Ҳозир дар вақти даркорӣ асфалтро меоранд, ки ин ба пешравии корҳои мо такони бузурге мебахшад.
Мо роҳи ин заводро пеш гирифтем.
Заводи асфалт дар маҳаллаи Дӯстлики ноҳия воқеъ будааст. Ин ҷо, ки яке аз биноҳои кӯҳнаву бекорхобидаи собиқ хоҷагии ҷамоавии ноҳия ба ҳисоб мерафтааст, онро барои ташкили завод ҷудо кардаанд. Асфалт, ки масолеҳи асосии роҳсозӣ аст, бинобар ҳамин ҳоло завод дар тобеияти Муассисаи давлатии корхонаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Қӯшработ қарор дорад.
Заводи хурдакаки замонавӣ бо тамоми қудрат кор мекард. Мо бо роҳбари заводи асфалтбарорӣ Дилмурод Шакаров ҳамсӯҳбат шудем.
— Акаи Дилмурод, бисёр ноҳияҳо ин хел завод надоранд. Ин боиси хушбахтӣ аст, ки шумо чунин завод доред ва ба пешравии корҳои роҳсозон кӯмак мерасонед. Бигӯед, ки заводи асфалтбарорӣ кай ба кор даромад?
— Соли 2019 дар ин ҷо завод сохта, ба кор даровардем. Тамоми ускуна ва таҷҳизоти зарурӣ аз Хитой оварда шуданд.
— Иқтидори завод чӣ қадар, масалан рӯзе чанд тонна асфалт истеҳсол мекунад? Сифати он чӣ хел аст? Истеҳсоли як тонна асфалт тахминан чанд сӯмро ташкил медиҳад?
— Мо рӯзе 500–600 тонна асфал мебарорем. Сифаташ хуб аст. Дар худи завод лаборатория дорем. Боз ба сифати маҳсулоти мо дар дигар ҷойҳо ҳам баҳо медиҳанд. Истеҳсоли як тонна асфалт дар айни замон 550–560 ҳазор сӯмро ташкил мекунад.
— Барои истеҳсоли маҳсулот ашёи хомро аз куҷо мегиред?
— Барои истеҳсоли асфалт асосан қум, санги майда ва мум лозим аст. Мо онҳоро асосан ба воситаи биржа харида меорем. Мумро аз Ҷарқӯрғон мегирем. Нархи онҳо тағйир ёфта меистанд. Аз ҳама хубаш, қариб тамоми ашёи хом аз худи республикаамон мебарояд.
— Маҳсулоте, яъне асфалте, ки истеҳсол мекунед, муддати кафолат дорад?
— Аз 3 то 10 сол кафолат дода мешавад. Вале ин ба омилҳои дигар ҳам вобастагӣ дорад. Агар асфалт бо тамоми талаботи нишондодҳои меъёрӣ хобонида шавад, бемалол солҳои дуру дароз хизмат мекунад.
— Барои тайёр кардани асфалт гази табиӣ истифода бурда мешавад. Таъминоти газ хуб аст?
— Ҳоло таъминоти газ хуб аст. Вале дар зимистон фишори газ паст мешавад ва кори мо ҳам душвортар мегардад.
— Шумо бо асфалт танҳо ноҳияи Қӯшработро таъмин мекунед?
— Асосан, асфалтро ба ноҳияи худамон медиҳем. Агар дархост шавад, ба ноҳияҳои Иштихону Пайариқ ҳам асфалт мефиристем.
Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ
