Ovozi.uz

«Таронаҳои Шарқ» дар «Шаҳри абадӣ» баргузор хоҳад шуд

Рӯзҳои 26–30‑юми августи соли равон дар шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавони Самарқанд, ки бо номи «Сайқали рӯи Замин» маъруф аст, таҳти сарпарастии ЮНЕСКО Ҷашнвораи ХIII байналмилалии мусиқии «Шарқ тароналари» — «Таронаҳои Шарқ» баргузор мешавад.
«Таронаҳои Шарқ» аз фестивалҳои бузурги мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он паҳн намудани дастовардҳои санъати мусиқии миллӣ дар байни оммаи васеъ, ҳифз ва рушди фарҳангу анъанаҳои миллатҳо, дастгирии ҷавонони боистеъдод дар соҳаи мусиқӣ ва сарояндагӣ, инчунин васеъсозии робитаҳои эҷодии байналхалқӣ, сулҳу осоиш, тарғиби ғояҳои дӯстӣ ва фаррохдилӣ мебошад.
Дар Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ки бори нахуст соли 1997 ташкил ва баргузор шуда буд, гурӯҳҳо ва ҳунармандони 31 кишвари ҷаҳон иштирок карда буданд. Дар фестивали XII (соли 2019 ва пас аз он бо сабаби пандемия ташкил карда нашуд) шумораи кишварҳои ширкаткунанда ба 75 расид.
Дар Ҷашнвораи XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ки рӯзҳои 26–30‑юми августи соли 2024 дар маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ»-и маркази сайёҳии Самарқанд баргузор мешавад, иштироки беш аз 300 намоянда аз 70 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Афзоиши шумораи иштирокчиён ва кишварҳое, ки хоҳиши ширкат кардан доранд, аз баланд шудани сатҳи фестивал гувоҳӣ медиҳад.
Дар Фестивали XIII байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» барномаҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:
26‑уми август ифтитоҳи расмии фестивал ботантана гузаронида мешавад.
Рӯзҳои 27–28‑уми август баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ: принсипҳои ҳамоҳангии эҷодӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» дар назар аст, ки дар он мусиқишиносон, олимони марказҳои тадқиқотӣ, ходимони донишкадаҳои олии мусиқӣ, профессорону муаллимон ва ходимони илмӣ — докторантҳо ва магистрантҳо иштирок мекунанд.
Бегоҳии рӯзҳои 27–28–29‑уми август дар байни иштирокчиёни Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» озмун баргузор мегардад. Ба ҳунару маҳорати онҳо ҳакамони бонуфуз баҳо медиҳанд.
30‑юми август маросими пӯшидашавии ҷашнвораро мегузаронанд.
Ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи ташкилӣ бо диплом, статуэтка ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳоло бо мақсади диданb тайёрӣ ба фестивал ва дар сатҳи баланд гузарондани он дар ҷумҳурӣ ва шаҳри Самарқанд штаби Вазорати маданият фаъолият нишон медиҳанд. Инчунин барои кор бо гурӯҳҳои эҷодӣ, волонтёрон, истиқболи меҳмонон гурӯҳҳои алоҳидаи корӣ таъсис дода шудаанд.
— Айни замон дар маҳалле, ки ҷашнвора баргузор мешавад, барои истиқболи меҳмонон ва ташкили намоишгоҳи ҳунармандони минтақаҳо омодагӣ ҷараён дорад, — гуфт Ғазал Сироҷиддинов, ҷонишини роҳбари Садорати маданияти вилоят дар вохӯрӣ бо журналистон. — Инчунин, барои иштирокчиёни ҷашнвораи байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон карда шуд, ки он дар ду самт миёни овозхонҳои касбӣ ва навозандагон баргузор мешавад. Дар озмун ҳунармандони синнашон аз 18 боло ширкат карда, ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 барои ширкат дар ҷашнвора роҳхат мегиранд.
Бисёре аз ҳаводорони фестивал як саволро медиҳанд, ки чаро акнун фестивал дар Регистон гузаронида намешавад? Ба ин савол коргардон Шамсиддин Усмонов чунин посух дод:
— Барои дар сатхи баланд гузарондани фестивал мо аллакай ба машқҳо шурӯъ намудем. Бисёриҳо мепурсанд, ки чаро маҷмааи «Шаҳри абадӣ» барои ҷашнвораи имсола интихоб шудааст? Маълум аст, ки ансамбли «Регистон» мероси моддии мадании мост ва аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Бо сабаби нигоҳ доштани ин ёдгорӣ, барои наслҳои оянда, ба сайёҳоне, ки аз кишвари мо дидан мекунанд, бо тамоми зебоӣ тақдим намудани ёдгориҳои бостониамон, зиёда аз ин барои нишон додани салоҳияти сайёҳии на танҳо Самарқанд, балки тамоми Ӯзбекистон «Шаҳрӣ абадӣ» имконият ва шароитҳои хубе дорад. Аз ин рӯ, ин ҷо барои гузаронидани фестивал интихоб шудааст, — гуфт Ш. Усмонов.
Инчунин, вай таъкид намуд, ки яке аз ҷанбаҳои муҳимми фестивали «Таронаҳои Шарқ»-и имсола дар он аст, ки навозандагон, сарояндагон ва раққосҳои ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда асарҳои ҳунарии солҳои қаблӣ иҷро нашударо ба ҳаводорони мусиқии миллӣ пешкаш хоҳанд кард.
Мухбири худамон.