Ovozi.uz

Ҳайати комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ тасдиқ гардид

Дар маҷлиси навбатии комиссияи интихоботии вилояти Самарқанд масъалаи ташкили комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Шӯрои намояндагони халқии вилояти Самарқанд баррасӣ гардид.
Мувофиқи моддаи 21‑уми Кодекси интихобот комиссияи ҳавзаҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияи дахлдори ҳавзаҳои интихоботӣ на камтар аз ҳафтод рӯз пеш аз интихобот бо иштироки раиси комиссия, чонишини раис, котиб ва аз шаш то ҳашт аъзои дигари комиссия ташкил карда мешавад.
— Номзадҳо ба аъзогии комиссияҳои ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд дар маҷлисҳои шӯроҳои намояндагони халқи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ муҳокима гардида, барои тасдиқ тавассути системаи электронии E-saylov ба мо, яъне ба комиссияи минтақавии интихоботии вилоят пешниҳод карда шуданд, — гуфт ҷонишини раиси комиссияи минтақавии интихоботии вилоят Санҷар Назаров. — Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда ҳайати комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ аз 660 нафар иборат буда, онҳо намояндагони обрӯманди аҳли ҷамъият ба ҳисоб мераванд. 268 нафари онҳо (41 дарсад) бонувон, 427 нафар (65 дарсад) қаблан дар кори комиссияҳои интихоботӣ иштирок карда, дар ин соҳа таҷриба доранд, 334 нафар (51 дарсад) педагогҳо, 87 нафар (13 дарсад) иқтисоддонҳо, 56 нафар (8 фоиз) духтурон, 32 нафар (5 дарсад) муҳандисҳо мебошанд.
Дар маҷлис роҷеъ ба тасдиқ намудани ҳайати комиссияҳои интихоботии 60 ҳавза оид ба интихоботи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд қарор қабул карда шуд. Эълон гардидани ҳайати комиссияи ҳавзаҳои интихоботӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ таъкид гардид.