Дар толори анҷуманҳои Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд роҷеъ ба омодагиҳо ба Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» анҷумани матбуотӣ гузаронида шуд.
Дар он ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов, ҷонишини вазири маданият Муродҷон Маҷидов, иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишкадаи санъати мусиқии миллии ӯзбек ба номи Юнус Раҷабӣ Элдор Шерманов, сардиректори Маркази санъати мақоми миллии Ӯзбекистон Авазбек Шомуродов ва дигар масъулон иштирок дошта, оид ба омодагиҳо ба фестивали мусиқӣ маълумот доданд.
— Корҳои омодагӣ ба фестивал дар якчанд самт идома доранд, — гуфт М.Маҷидов. — Ин аз пазироии меҳмонон то ба меҳмонхонаҳо ҷойгир кардани онҳо, таъмини иштироки онҳо дар чорабиниҳо ва ғайраро фаро мегирад. Доир ба ҳар як самт масъулон ва гурӯҳи корӣ таъин гардидаанд. Фаъолияти онҳоро штабе, ки аз ҷониби вазорати мо ташкил шудааст, назорат мекунад.
Бино ба маълумоти масъулон, имсол дар фестивал зиёда аз 300 нафар вакили қариб 80 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. То кунун 52 нафар иштирокдор аз 35 кишвар аз рӯйхат гузаштаанд. Мувофиқи нақша, рӯзи 26‑уми август дар майдони Регистон маросими мутантани кушодашавии фестивал баргузор гардида, рӯзҳои 27–28–29‑уми август ҳунарнамоиҳои иштирокдорон дар доираи озмун ба нақша гирифта шудааст. Баромади онҳо аз рӯи самтҳои мусиқии халқии дараҷаи классикӣ, самти суруд ва мусиқиҳои муосир аз ҷониби ҳайъати байналмилалии 7‑нафара баҳогузорӣ карда мешаванд. Аз рӯи баҳогузории онҳо ғолибони гран-при, ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ҷоизадорон муайян хоҳанд шуд. 30‑юми август маросими мукофотонидани ғолибу ҷоизадорони фестивал баргузор мегардад.
Дар идомаи анҷуман масъулон ба мавзӯи муҳим: макони баргузории фестивал таваққуф намуданд. Зеро аввал хабар дода шуд, ки фестивал дар «Шаҳри абадӣ»-и маркази сайёҳӣ гузаронида мешавад. Баъдтар маълум карданд, ки боз майдони Регистон интихоб гардидааст.
— Ҳамеша чун сухан дар бораи фестивали «Таронаҳои Шарқ» меравад, пеши назари мо маҷмӯаи Регистон ҷилва менамояд, — гуфт Р.Қобилов. — Ғайр аз ин, дар дигар ҷо ин гуна саҳнаи табиӣ ва шинаму зеборопайдо намудан душвор аст. Санъаткорон ва меҳмонони хориҷӣ хусусан барои тамошои Регистон ва зебоиҳои саҳнаи он меоянд. Ҳамин ва дигар ҷиҳатҳоро ба инобат гирифта, дар Регистон гузаронидани фестивал маъқул дониста шуд.
Дар идома масъалаи баста шудани роҳҳо дар рӯзҳои фестивал муҳокима гардида, масъулон таъкид карданд, ки роҳҳо танҳо рӯзи 26‑уми август гоҳ-гоҳ баста мешаванду халос. Инчунин, масъалаи зарар расонидани мушакпарониҳо ба биноҳои Регистон баррасӣ гардид.
Анҷумани матбуотӣ бо саволу ҷавобҳо анҷом ёфт.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.
