Дирӯз дастаи «Динамо»-и Самарқанд, ки яке аз пешқадамони Суперлига, дастаи «ОКМК»-ро дар майдони худ қабул кард, ба ивази камбэк ғалабаро ба даст овард.
Нахуст, бозигарони «ОКМК» дар дақиқаи 18-ум аз пеналти ҳисобро кушода бошанд, дар дақиқаи 35-ум легионери бразилии «Динамо» Ратинё ба ивази зарбаи аҷиб ҳисобро баробар намуд.
Бозигарони «ОКМК» боз пеналтиро ба гол табдил дода ба пеш гузаштанд. Ҳамлавари «Динамо» Коҷо Ҷоэл боз ҳисобро мусовӣ кард.
Дар дақиқаи 90+6 голи Хислат Халилов ба дастаи шогирдони Вадим Абрамов пирӯзӣ овард.
Ҳисоби ниҳоӣ: 3—2.
