Ovozi.uz

Иттиҳоди Аврупо: Шарики муҳим дар роҳи рушди минтақа


Имсол ба барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ дар байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо 30 сол пур шуд. Робитаҳоямон сол то сол авҷ гирифта, дар соҳаҳои гуногун рушд меёбанд. Иттиҳоди Аврупо ислоҳоти васеъмиқёси ба фаровонии аҳолӣ нигаронидашуда ва ҷараёнҳои бунёдкориро дар Ӯзбекистон самаранок дастгирӣ менамояд. Ба наздикӣ дар соҳаи ҳамкорӣ ба вуҷуд овардани боз як майдон ба нақша гирифта шудааст. Дар шаҳри Самарқанд нахустин саммити расмии «Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Бешубҳа, чорабинии бонуфузи мазкур саҳифаи нави алоқаҳои дӯстонаамонро хоҳад кушод.
Дар табрики ба муносибати аз нав ба лавозими Президенти Комиссияи Аврупо интихоб шудани Урсула фон дер Ляйен фиристодаи Президентамон Шавкат Мирзиёев низ, солҳои охир дар роҳи аз ҷиҳати сифат ва мазмун ба зинаи тамоман нав вусъат ёфтани муносибатҳои васеъмиқёси Ӯзбекистон бо Иттиҳоди Аврупо (ИА), дастгирии ҳарҷонибаи ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ-­иҷтимоии ба қафо барнагардандаи мамлакатамон саҳми бузург доштани роҳбари Комиссияи Аврупо эътироф гардидааст.
Воқеан, ин ҷомеаи иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки 27 кишвари ҷаҳонро муттаҳид мекунад, яке аз ҷонибҳое мебошад, ки дар лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ӯзбекистон ва тамоми Осиёи Марказӣ фаъолона ширкат меварзад. Иттиҳоди Аврупо, ки дорои 500 миллион нафар аҳолӣ буда, ҳаракати озодонаи бозори умумӣ, одамон, амвол, сармоя ва хизматҳоро кафолат медиҳад, чунин кӯшишҳоро дар минтақаи мо низ пайваста дастгирӣ мекунад. Зеро, самаранокии муносибатҳо аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки рушди муколамаи конструктивии сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба манфиатҳои ҷомеаи Аврупо ва кишварҳои минтақа мувофиқат мекунад.
Мисли тамоми ҷаҳон, кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ пас аз мубориза бо пандемияи коронавирус ба бӯҳронҳои нав дучор шуданд. Ин бӯҳронҳо занҷирҳои ҷаҳонии таъминот, амнияти озуқаворӣ ва муносибатҳои тиҷоратиро халалдор карданд. Дар ин шароит, кишварҳо барои маҳсулоти худ бозорҳо ва роҳҳои нави нақлиётиро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба ҳамин маъно, шарикии манфиатноки Ӯзбекистон бо Иттиҳоди Аврупо мавқеи алоҳида дорад. Моҳи ноябри соли 2022 дар Ӯзбекистон баргузор гардидани конфронси дар боло зикршуда оид ба вобастагии минтақавӣ, дар он эътибори алоҳида нигаронида шудан ба пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои рақамисозӣ, коммуникатсияҳои нақлиётӣ, энергетика ва захираҳои обӣ, хусусан, дар доираи стратегияи «Дарвозаи глобалӣ»-и шарикони аврупоӣ, натиҷаи чунин кӯшишҳост гӯем, хато намекунем.
Илова бар ин, дар Осиёи Марказӣ як қатор лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ дар самти таъсиси системаи устувори энергетикӣ ва таълими касбӣ оғоз гардиданд. Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тошканд, Форуми дуюми иқтисодӣ дар Алмаато, инчунин ҷаласаи солонаи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Самарқанд ва дигар чорабиниҳо бори дигар нишон доданд, ки муколамаи кишварҳои минтақа бо шарикони аврупоии онҳо ба самти сифатан мусбат тағйир меёбад. Ба замми ин, дар натиҷаи чунин талошҳо имрӯз Осиёи Марказӣ ба як маркази ҷолиб барои ширкату бонкҳои пешрафтаи аврупоӣ ва макони имконоти нави иқтисодӣ табдил ёфтааст. Ҳамкориҳои васеи сармоягузорӣ ва технологӣ, ки ба бунёди иншооти замонавии саноатӣ, ҷорӣ намудани энергияи «сабз», инкишоф додани кишоварзии «боақл» ва ташаккули инфрасохтори мукаммали нақлиётию логистикӣ нигаронида шудаанд, далели равшани гуфтаҳои мост.
Солҳои охир муколамаи Ӯзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар тамоми сатҳҳо ба таври назаррас фаъолтар шуд. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони Франсия, Германия, Италия, Венгрия ва Чехия вохӯриҳо гузаронид. Дар Будапешт ва Стокголм сафоратхонаҳои мамлакати мо кушода шуданд. Ҳаҷми тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо мунтазам меафзояд.
Ба ҳамин муносибат, аз соли 2021 ба кор оғоз намудани сохтори преференсияҳои махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди устувор ва идоракунии самаранок барои Ӯзбекистон (“GSP+”) аҳамияти муҳим касб менамояд. Ҳамчун узви бенефисиари сохтори “GSP+” барои як қатор маҳсулоти содиротии Ӯзбекистон, аз қабили бофандагӣ, сару либос ва маҳсулоти пластикӣ бекор карда шудани тарифҳо, ба зиёд шудани содироти мо ва ба мамлакатамон ҷалб карда шудани инвеститсияи иловагӣ имкон медиҳад. Садоқатмандӣ ба соҳаи тараққиёти устувори “GSP+” Ӯзбекистонро ҳамчун шарики боваринок ва дурандеши иқтисодӣ боз ҳам мустаҳкам мекунад.
Маҷмӯи лоиҳаҳои ояндадор оид ба истеҳсоли технологияҳои баландиқтидор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ширкатҳо ва бонкҳои пешрафтаи Аврупо беш аз 20 миллиард евроро ташкил медиҳад.
Дар байни шарикони стратегии мо корпоратсияҳои машҳури ҷаҳон, ба мисли “Siemens”, “Linde Group”, “CLAAS”, “Airbus”, “BASF”, “EDF”, “Alstom”, “Total”, “Orano”, “OTP Group” аз Германия, Франция, Италия, Венгрия барин кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ғайраҳо ҳастанд.
Татбиқи лоиҳаҳои якҷоя, бешубҳа, имкон медиҳад, ки харитаи саноатии қитъаи Авросиё ба куллӣ тағйир дода шавад. Чунки аз ин ҳамкориҳо ҳар ду тараф низ нафъи калон мебинанд. Имкониятҳо барои ин ба қадри кифоя мавҷуданд. Масалан, сарфи назар аз вазъи мураккаби геополитикӣ ва равандҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ рушди устуворро нишон медиҳанд. Тибқи пажӯҳишҳои охирини таҳлилгарони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, дар маҷмӯъ рушди иқтисоди минтақа дар соли ҷорӣ 5,3 — 5,5 дарсадро ташкил хоҳад дод.
Коршиносони аврупоӣ афзоиши миёнаи солонаи Ӯзбекистонро 6,5 дарсад пешбинӣ мекунанд.
Айни замон, кишвари мо дар асоси стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади воқеии аҳолиро ду баробар афзоиш дода, ба қатори кишварҳои даромадашон аз ҳисоби миёна баландтар дохил шуданро ба нақша гирифтааст. Сиёсати босуръати саноатигардонӣ, аз ҷумла ҷалби зиёди сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои коркард, хусусан сармоягузории кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, омили асосии расидан ба ин ҳадаф хоҳад буд.
Бояд алоҳида таъкид намуд, ки Осиёи Марказӣ дар шароити хеле мураккаби геополитикӣ ба муҳимтарин шарики Иттиҳоди Аврупо табдил ёфтааст. Чанд сол пеш Осиёи Марказӣ барои ҷомеаи Аврупо як минтақаи дурдаст ба назар мерасид, аммо ҳоло минтақаи мо ба маркази нақлиёту транзит табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ барои ҳарду ҷониб муҳим аст. Раванди қабули созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи Аврупо ба зудӣ ба анҷом мерасад, ки барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ роҳ мекушояд. Маълум мешавад, ки зарурати таҳкими минбаъдаи шарикӣ дар самти амният ва коммуникатсия, диверсификатсияи энергетика ва захираҳо вуҷуд дорад.
Аз ин лиҳоз, ташаккули долонҳои ба ҳам пайвасти нақлиётӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ масъалаи афзалиятнок ба шумор меравад. Аз ҷумла, муттаҳид намудани саъю талошҳои кишварҳои мо барои рушди робитаҳои нақлиётию коммуникатсионии Осиёи Марказӣ ва Аврупо, пеш аз ҳама, тавассути ташаккули долони транзитии Транскаспий, ки «Маршрути миёна» ном гирифтааст, муҳим мебошад. Ин роҳ симои минтақаро тағйир дода, Чинро ба марзҳои дигар минтақаҳо, аз қабили Осиёи Марказӣ, Қафқози ҷанубӣ, Туркия, инчунин Аврупо мепайвандад ва маҳсулот мерасонад. Ин долон як роҳи ҳалли таҳкими субот ва диверсификатсияи равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Созмонҳои молии аврупоӣ ва байналмилалӣ барои иртиботи устувори нақлиётӣ миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ 10 миллиард евро ҷудо мекунанд. Сармоягузориҳо ба рушди долони нақлиётии Транскаспий равона карда мешаванд, то ин ки дар давоми 15 рӯз маҳсулот тавассути он гузарад.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур соли гузашта дар Самарқанд дар ҷаласаи менеҷерони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ҳамаҷониба таҳлил шуда буд. Мутаассифона, то ҳол барои баланд бардоштани рақобатпазирии ин шоҳроҳ муносибати ҳамоҳангшуда вуҷуд надорад. Тавре сарвари давлатамон борҳо таъкид кардааст, ба мо тарифҳои барои соҳибкорӣ судманд лозиманд, ки имрӯз ҳаҷми асосии боркашониро ташкил медиҳанд. Аммо чӣ тавре ки таҳлил нишон медиҳад, тарифу хироҷи ҳозира дар ин хатсайр, масалан, нисбат ба хатсайрҳои алтернативии Шимолу Ҷануб 1,5 баробар зиёд аст. Бинобар ин, барпо кардани механизми доимии самарабахши истифодаи долони Транскаспий мувофиқи мақсад аст.
Иттиҳоди Аврупо дорои имконияти баланди сармоягузорӣ ва технологӣ аст. Ӯзбекистон дорои захираҳои бузурги инсонӣ ва нерӯи баландихтисос мебошад. Ин як ҳолати бурднок барои технологияи ИА ва сармоягузории ба миқдори зиёд аст. Аз ин рӯ, ҳамасола дар доираи форуми иқтисодии «Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо» баргузории намоишгоҳҳои технологияҳои саноатӣ имкон дорад.
Бо дарназардошти воқеияти имрӯза, Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо Бонки сармоягузории Аврупо дар кори ба роҳандозии воситаҳои махсуси дастгирии молиявии ширкатҳои бонуфузи аврупоӣ дар раванди интиқоли иқтидори истеҳсолии онҳо ба кишварҳои мо манфиатдор аст. Бо ҳамин мақсад, роҳбари давлатамон дар Ӯзбекистон кушодани офиси минтақавии Бонки инвеститсияи Аврупоро пешниҳод намуд.
Дар доираи лоиҳаи «Барои нақлиёти ҷамоатии шаҳри Самарқанд харид кардани автобусҳои барқӣ ва ба вуҷуд овардани инфрасохтори ба он бевосита алоқаманд», ки дар доираи дастури «Шаҳрҳои сабз»-и Бонки Аврупо амалӣ мегардад, доир ба харид кардани 100‑то электробус, 50‑то дастгоҳи қувватдиҳанда созишномаро имзо намуд ва дар моҳи майи соли 2023 аввалин 6 автобуси барқӣ ба шаҳри Самарқанд оварда шуд.
Ӯзбекистон ният дорад ҳамкории наздикро дар соҳаи интерконнексияи рақамӣ бо Иттиҳоди Аврупо қувват диҳад. Тибқи пажӯҳишҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, тавсеаи минбаъдаи дастрасии баландсуръат ба интернет боиси афзоиши мутаносиби ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва содироти кишварҳои минтақа мегардад. Ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо дар ин замина як қадами устувор барои таҳияи рӯзномаи муштараки рақамӣ барои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Мубориза бо хатарҳои иқлимӣ низ яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ мебошад. Дар ҳоле ки ҷаҳон бо хушксолӣ, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ аст, таъмини устувории экосис­темаҳо тавассути татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки минтақавӣ бо истифода аз дониш ва технологияҳои пешрафтаи аврупоӣ яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯзмарра боқӣ мемонад. Илова бар ин, гузариш ба иқтисодиёти «сабз» дар баробари манобеъи анъанавии энергия, бунёди иншооти барқароршавандаи энергия ба ҳифзи муҳити зист хизмат мекунад. Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина таҷриба ва зарфияти кофӣ дорад. Имрӯз дар Ӯзбекистон энергетикаи «сабз» фаъолона рушд меёбад ва дар ин кор саҳми давлатҳои Иттиҳоди Аврупо низ ҳаст. Қарор шуд, ки то соли 2030 иқтидори тавлиди нерӯи таҷдидшаванда то 25 ҳазор мегаватт ва саҳми он аз 14 дарсади кунунӣ то ба 40 дарсад афзоиш ёбад. Дар ин замина сармоягузорӣ ва технологияҳои ИА ба мисли об ва ҳаво заруранд. Бо ин мақсад, Ӯзбекистон аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки дар лоиҳаи таъсиси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба муҳити зист ва тағйирёбии иқлим фаъолона иштирок намояд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ низ аз самтҳоест, ки рушди он зарур аст. Дар ин бора Ӯзбекистон бо ҳамкории Музейи Луври Париж ва Осорхонаи нави Берлин ду лоиҳаи нодирро амалӣ намуд. Дар ин марказҳои санъатии оламшумул бори аввал мероси ғании фарҳангию таърихии вилояти мо ба таври васеъ намоиш дода шуд. Маблағгузорӣ ба таълими ҷавонон низ вазифаи таъхирнопазир аст. Дар Ӯзбекистон ҳафт филиали донишгоҳҳои Аврупо бомуваффақият фаъолият доранд. Аммо ин кифоя нест. Ӯзбекистон дар ояндаи наздик оиди ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълими олии пешқадами Иттиҳоди Аврупо ва дар навбати аввал роҳандозӣ намудани барномаи иловагии таълимӣ доир ба равияҳои муҳандисӣ кор бурда истодааст. Мулоқотҳои мунтазами вазирони маорифи кишварҳои шарики аврупоӣ ва ректорони донишгоҳҳо дар ин шакл роҳро барои ин корҳо ҳамвор мекунанд.
Яке аз самтҳои муҳими равобити дуҷониба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар мубориза бо хатару таҳдидҳои нав мебошад. Имрӯзҳо барномаҳои муштарак оид ба ҳифзи сарҳад, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубориза бо терроризм самаранок амалӣ мегарданд. Солҳои охир зиёда аз дусад чорабинии вилоятӣ гузаронида шуд. Бо дастгирии шарикони аврупоӣ ҳазорҳо мутахассисони баландихтисос омода карда шуданд, нуқтаҳои сарҳадӣ таҷдид гардиданд. Қобили зикр аст, ки дар самти мубориза бо экстремизм ва радикализм, савдои одам, ҷиноятҳои муташаккил ва киберӣ, ҳифзи сарҳад барномаҳои нави шарикӣ таҳия мешаванд. Вақте ки сухан дар ин бора меравад, муаммои Афғонистон дар маркази диққати мост. Мутаассифона, вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон мӯътадил нест. Тибқи маълумоти Созмони Милал, дар ҳоли ҳозир миллионҳо афғон дар остонаи нобудӣ қарор доранд. Дар робита ба ин, Ӯзбекистон ҳамеша Иттиҳоди Аврупоро ба ҳамкориҳои пурсамар дар масъалаи Афғонистон даъват мекунад. Бо мақсади таҳияи равишҳои муштарак ба ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба танзими вазъ дар Афғонистон ва дастгирии рушди осоиштаи он, ба баргузории машваратҳои мунтазами намояндагони махсус оид ба Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Бешубҳа, саммити якуми расмии дар формати «Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо», ки соли ҷорӣ дар Самарқанд гузаронида мешавад, барои пеш бурдани ташаббусҳои муҳимми ба васеъгардонии ҳамкории амалии байни тарафҳо нигаронидашуда, боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ ва муносибатҳои шарикӣ суръати нав мебахшад, барои таъмини тинҷӣ ва барқарорӣ, тараққиёти муттасил дар минтақа хизмат мекунад.

Эркинҷон ТУРДИМОВ,
ҳокими вилояти Самарқанд, аъзои Кумитаи Сенати Олий Маҷлис роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, робитаҳои иқтисодии беруна, инвеститсияҳои хориҷӣ ва туризм.