Ovozi.uz

Таълими босифат — мақсади асосӣ

Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов аз рӯи рейтинги байналхалқии «QS Stars»-и Бритониёи Кабир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо шуда ба мақоми университетҳои 5 ситорадори дунё соҳиб гардид.
Ба ҳамин муносибат мо бо проректори Донишгоҳи мазкур, доктори фанҳои физика-­математика, профессор Аҳмадҷон Солеев сӯҳбат оростем.
— Ташкилоти байналхалқии QS Stars соли 2009 таъсис ёфта, донишгоҳҳои оламро дар 13 самт таҳлил карда, сипас баҳо медиҳад, — гуфт Аҳмадҷон Солеевич. — Муассисаи мазкур аз 1‑уми ноябри соли 2023 барои омӯхтани фаъолияти мо пардохт. Дар 8 самт аз 50 адад беш нишондиҳандаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳаматарафа санҷида шуд. Дар натиҷа аз 1000 балл 750 балл гирифта (700 балл кифоя буд) соҳиби унвони донишгоҳи 5 ситорадор гардидем.
— Аҳмадҷон Солеевич, ба фикри шумо асрори чунин комёбиҳои назаррас дар чист?
— Боиси хушнудист, ки барои такмил додани таълими олӣ як қатор фармону қарорҳои сарвари давлатамон қабул шудааст. Аз ҳама муҳим, квотаи қабул ба мактабҳои олӣ хеле тағйир ёфта, дар ин самт адолату шаффофият қарор мегирад.
Соли гузашта бо ташаббуси Президенти мамлакат дар Ӯзбекистони Нав эълон гардидани «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён имкониятҳои зарурӣ фароҳам овард. Маҳз барои ҳамин мо бо сарварии ректори ДДС дар асоси талаботу супориши сарвари давлатамон ба «Баланд бардоштани сифати таълим — роҳи яккаву ягонаи дурусти тараққиёти Ӯзбекистони Нав» аҳамияти ҷиддӣ дода, аз усулҳои муосири таълиму тарбия пурсамар истифода бурда, ба комёбиҳо соҳиб шудем. Таълими босифат ба якчанд мизонҳо вобаста аст. Яъне дар мактабҳои олӣ мавҷуд будани базаи моддӣ-­техникӣ, устодони соҳибтаҷриба, таъминот бо китобҳои дарсӣ, дониши талабагонро шаффоф ва бо адолат баҳо додан ва ғайра.
Бояд таъкид намуд, ки Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз ҷиҳати моддӣ-­техникӣ хеле хуб ҷиҳозонида шуда, дар китобхонаи мо беш аз 3 миллион адад асарҳои гуногуни рақамишуда маҳфузанд. Беш аз 800 нафар омӯзгорону профессорон ба насли наврас таълиму тарбия медиҳанд, ки 113 нафари онҳо докторҳои фан, 432 нафар номзадҳои фан ва профессору дотсентҳоянд. Салоҳияти илмӣ 68,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷалб намудани ҳамкасбони хориҷӣ низ дуруст ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар соли таҳсили 2023–2024 аз Русия, Хитой, Туркия, Венгрия, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Канада, Покистон, Исроил, Япония ва ғайра беш аз 100 нафар профессор-­устодони соҳибтаҷриба ба Самарқанд ташриф оварда, ба талабагони мо сабақ доданд.
Дар навбати худ як гурӯҳ муаллимони Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ аз рӯи шартномаҳои ҳамкорӣ дар бисёр мактабҳои олии кишварҳои ҷаҳон такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ карданд.
— Чанде пеш хизмати матбуоти Донишгоҳ хабар дод, ки китоби дарсии шумо барои мактабҳои олӣ ҷоиза гирифтааст.
— Воқеан, то имрӯз аз математика беш аз даҳ адад китобҳои дарсӣ иншо намудам, ки баъзеи онҳо ба забонҳои хориҷӣ низ тарҷума шудаанд. Бо профессорон Александр Дмит­ревич Брюно, Маъруфҷон Исроилов ва дигар устодонам дар ҳаммуаллифӣ китобу рисолаҳои илмӣ интишор ёфтааст.
Бояд гуфт, ки дар ду соли охир аз ҷониби омӯзгорону профессорони донишгоҳ 350 номгӯй адабиётҳои гуногун аз нашр баромаданд.
— Дар самти бо кор таъмин намудани хатмкунандагони Донишгоҳ чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд?
— Барои гирифтани 5 ситора ин самт нақши бузург бозид. Мо бо беш аз 158 ташкилоту идораҳои кордиҳанда шартнома дорем. Ҳар сол 90 фоизи хатмкунандагон бо диплому роҳхати Донишгоҳ на танҳо дар вилояти Самарқанд, инчунин тамоми қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кор мераванд.
Охир бузургон фармудаанд, ки:
Бе заҳмату кор нон
намебояд хӯрд,
Як луқма ба ройгон
намебояд хӯрд…
— Аҳмадҷон Солеевич, нақшаҳои оянда аз чиҳо иборатанд?

5 ситорадор гардидани донишгоҳи мо самараи меҳнати ҷамоаи донишгоҳ ва кӯшишу ғайрату шуҷоати донишҷӯён аст. Мақсади асоси мо дар байни 1000 мактаби олии кишварҳои ҷаҳон шудан мебошад. Барои ба чунин муваффақият соҳиб шудан имкониятҳо бисёр аст. Аммо мақсади асосӣ — додани таълими босифат ба насли навраси Ӯзбекистони Нав мебошад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.