Ovozi.uz

Аҳолии Ҷомбой аз санҷиши амиқи тиббӣ гузаронида шуд

Дар ноҳияи Ҷомбой бо иштироки мутахассисони соҳа аҳолӣ аз санҷиши амиқи тиббӣ гузаронида шуданд. 

Дар доираи чорабинӣ шифокорони ботаҷрибаи филиалҳои муассисаҳои ихтисосонидашудаи тиббии ҷумҳурӣ дар вилоят мардуми маҳаллиро бо таҷҳизоти замонавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида, маслиҳатҳо доданд. 

– Чандест аз дарди миён азият мекашидам ва ният доштам, ки пеши невролог равам, — гуфт сокини маҳаллаи Охунбобоеви ноҳия Наврӯз Эшмаматов. – Дар маркази ноҳия барои шаҳрвандон ташкил гардидани санҷиши амиқи тиббиро шунида, хурсанд шудам. Чунки аз ин имконият истифода намуда, дар бораи саломатии худ маълумот ва аз шифокорон маслиҳатҳо гирифтам. Дар ин ҷо ғайр аз санҷиши невролог, аз муоинаи шифокорони дигар соҳаҳо низ гузаштам. Аз ин рӯ, аз ташкили санҷиши тиббӣ на танҳо ман, балки аҳли ноҳия хурсанд гардиданд.