Ovozi.uz

Самарқанд дар арафаи анҷуманҳои бонуфуз

Ба муносибати ҷашни 33-солагии истиқлоли Ватани мо Самарқанд боз дар маркази эътибори аҳли дунё аст. Ҳафтаи оянда дар шаҳри кӯҳан ва ҳамеша навқирон Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор мегардад. Дар арафаи фестивал бошад, Самарқанд бори аввал ба чемпионати ҷаҳон аз рӯи байдарка ва каноэ, инчунин ба конгресси байналмилалии VIII «Мероси бузурги аҷдодон — асоси Ренессанси сеюм» мизбонӣ мекунад. Рӯзҳои 7–8‑уми сентябр гузарондани мусобиқаи байналмилалии «Challenge Samarkand» аз рӯи триатлон ба нақша гирифта шудааст.
Ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам ҚОБИЛОВ дар бораи рафти тайёрӣ ба чорабиниҳои байналмилалии мазкур маълумот дод.
— Имрӯз Самарқанд дар оғӯши идҳост, — гуфт Р.Қобилов. — Масканҳое, ки аҳолӣ бисёр аст, аз ҷумла боғҳои истироҳатӣ, бозорҳо, кӯчаҳо, иншоотҳои бузург мувофиқи рӯҳи идона ороиш дода мешаванд, халқамон низ ба ин чорабиниҳо рӯҳан тайёр мешавад. Ҳамдиёронамон ва хориҷиён баъди танаффуси панҷсола боз дар майдони Регистони Самарқанд баргузор шудани фестивали байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ»-ро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Дар фестивали сенздаҳуми имсола аз 82 давлат омадани наздик ба 300 нафар иштирокчӣ — олимони мусиқишинос, санъаткорон, гурӯҳҳои эҷодӣ ва ансамблҳо пешбинӣ шудааст.
Инчунин, рӯзҳои 23–26‑уми август бори аввал дар Самарқанд чемпионати ҷаҳон роҷеъ ба байдарка ва каноэ баргузор мешавад. Дар он аз 88 давлат беш аз 500 нафар варзишгар иштирок хоҳанд кард.
Умуман, солҳои охир дар Самарқанд аз рӯи варзиш дар об ва триатлон инфрасохторҳои мутобиқи талаботи байналмилалӣ офарида шуд. Инро федератсияҳои байналмилалии варзиш, мутахассисони хориҷӣ эътироф мекунанд. Чунки чорабиниҳои мазкур дар давлатҳои башумор гузаронда мешавад. Ҳатто, сазовори сертификатҳое низ шудем, ки ҳуқуқи аз рӯи навъҳои варзиши мазкур гузарондани мусобиқаҳоро медиҳад.
Триатлон намуди мураккаби варзиш аст. Дар як вақт намудҳои давидан, шиноварӣ ва велопойгаро дар бар мегирад. Барои ин шароит ва инфрасохторе бояд бошад, ки бехавф ва ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ аст. Соли гузашта намояндагони федератсияи триатлон имконият ва шароитҳоеро, ки барои варзишгарон фароҳам оварда шудаанд, дида дар соли 2024 дар Самарқанд гузарондани чемпионати ҷаҳонро ба нақша гирифта буданд.
Дар моҳи май чемпионати Осиёро доир ба триатлон ва паратриатлон гузарондем. Беш аз 300 нафар варзишгари маъруфи дунё дар он иштирок кард. Боз як сабаби дар Самарқанд баргузор шудани мусобиқаҳои триатлон ба худ хос будани трассаи велоспорт ва давидан аст. Яъне, ҷиҳати аз мусобиқаҳои байналмилалии дигар фарқкунанда он аст, ки трасса Маркази сайёҳӣ ва атрофи 7‑то ёдгории таърихии маданиро дарбар мегирад. Бо ин хусусияти худ он ба қатори трассаҳои башумури барои триатлон мусоиди дунё дохил мешавад. То ҳол чунин мусобиқаҳои бонуфуз, асосан дар чор давлати дунё гузаронда мешуд. Ӯзбекистон дар байни ин давлатҳо панҷумин шуд. Ин баробари инкишофи варзиш дар мамлакатамон барои ривоҷёбии сайёҳӣ низ хизмат мекунад.
Ғайр аз ин, чорабиниҳои мазкур ба ҷашни 33‑солагии истиқлоли Ватанамон пайваст шуда мераванд. Ҳоло ба иди аз ҳама бузург, аз ҳама азиз тайёрии ҳамаҷониба дида мешавад. Кӯчаҳоро зеб медиҳанд, барномаҳои саҳнавӣ тайёр мекунанд. Чорабиниҳои асосии идона рӯзи 31‑уми август, бегоҳирӯзӣ дар амфитеатри «Мӯъҷиза»-и шаҳри Самарқанд ва боғи «Янги Ӯзбекистон»-и мавзеи Қаросув баргузор мегардад.
Имрӯз Самарқанд на танҳо бо қадимият ва таърихи худ, балки бо имкониятҳои расондани хизмати замонавӣ, соҳибкорӣ ва бизнес, табдил ёфтан ба маркази сайёҳӣ машҳури дунё мешавад. Дувоздаҳ моҳи сол форум ва анҷуманҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд. Имсол низ то анҷоми сол гузарондани чорабиниҳои Созмони милали муттаҳид дар ду самти калон пешбинӣ шудааст.
Дар соли 2025 сессияи 43‑юми ЮНЕСКО бори аввал берун аз Париж, яъне дар Самарқанд баргузор мешавад. Ба қарибӣ вакилони ташкилоти мазкур омада, ҷойҳое, ки чорабиниҳо баргузор мешаванд ва инфрасохторро аз назар гузаронида, қайд намуданд, ки онҳо ҷавобгӯи талаботи регламенти ташкилот мебошанд. Чорабинии мазкур низ имконияти бузург барои боз як бор ба дунё тарғиб намудани Самарқанд ва салоҳияти сайёҳии диёрамон мебошад. Ба сессия омадани намояндагони 198 давлат, вазирон ва масъулони ҳифзи мероси маданӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур мо низ баробари намоиш додани ёдгориҳои таърихӣ-­мадании диёрамон имконият пайдо мекунем, ки фаъолиятамонро роҷеъ ба ҳифзи онҳо нишон диҳем. Дар ҷараёни чорабиниҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо Агентии мероси маданӣ тайёр намудани китоб роҷеъ ба усулҳои тармими шарқона ва гузарондани тақдимоти он дар нақша аст.
Ба муносибати дар Самарқанд гузарондани чорабинӣ, фестивал ва форумҳои бузург ба диёри мо, албатта, бештар сайёҳон меоянд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои фестивали байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» шумораи онҳое, ки ба Самарқанд сайёҳат карданианд, рӯз аз рӯз меафзояд. Аз ҳама беш аз Осиё ва Европа бисёр сайёҳон меоянд. Ҷамоаҳои бадеии Ҳиндустон, Туркия ва Озарбойҷон, санъаткороне, ки дар фестивалҳои пешина иштирок кардаанд, бо мо тамос гирифта, берун аз озмун бошад ҳам, нияти барномаҳои худро намоиш додан ва тамошо кардани «Таронаҳои Шарқ» — ро маълум мекунанд. Инчунин, аз Италия ва Фаронса омадани сайёҳони бисёр пешбинӣ шудааст. Рӯзҳои фестивал аз Истамбул парвозҳои иловагии тайёра амалӣ мегардад. Инчунин, аз Тошканд ба Самарқанд боз парвози иловагӣ ва ҳаракати як поезд роҳандозӣ мешавад.