Ovozi.uz

Маркази матбуоти Фестивали XIII мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ба шурӯъи фаъолияти худ омода аст

Рӯзҳои 26-30-юми август дар шаҳри Самарқанд Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор мегардад. Ҳоло корҳои тайёрӣ ба ин тадбири байналмилалӣ дар сатҳи баланд мегузарад.

Аз ҷумла, фестивалро на фақат дар кишварамон, балки ба тамоми минтақаҳои дунё пахш намудан як қатор корҳо амалӣ мегарданд. Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд барои ходимони хориҷӣ ва маҳаллии васоити ахбори оммавӣ Маркази матбуоти Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ки иборат аз 120 ҷой мебошад, ташкил карда шуд.

— Дар маркази матбуот 80-то компутер ва принтер ҳаст ва онҳо ба шабакаҳои суръати баланди интернет пайваст шудааст, — гуфт ходими масъули хизмати ахбори Вазорати маданият Орифҷон Файзиев. — Инчунин, аз ҷониби маркази матбуот имконияти пайвастшавӣ ба Wi-Fi ва база (QR-код)-и махсус барои саривақтӣ дастрас намудани фото ва видео маълумотҳо аз ҷараёни тадбир фароҳам гардидааст.

Ходимони васоити ахбори оммавӣ, журналист ва блогерҳо тавассути Лед-экрани калони маркази матбуот ҳамаи тадбирҳое, ки дар доираи фестивал дар майдони Регистон гузаронида мешавад, дида метавонанд.

Барои пахш намудани маълумотҳои Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» то ҳол дар бораи иштирок намудани тақрибан 50 нафар ходимони ВАО-и хориҷӣ маълумот дода шудааст.

Ғайр аз ин, беш аз 70 нафар журналистони ҷумҳурӣ, инчунин тамоми вакилони васоити ахбори оммавии вилояти Самарқанд ва блогерҳо барои эълон кардани ҷараёнҳои фестивали байналмилалии мусиқӣ дар Маркази матбуот кор карда метавонанд.