Ovozi.uz

Ҳифзи ҳуқуқи занон самти устувори мақомоти адлия мебошад

Дар мамлакатамон доираи имконияту кафолатҳои ҳуқуқии баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии занон, афзудани салоҳияти маънавию зеҳнӣ ва ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани саломатии онҳо, ҳифзи оила, модару кӯдак, инчунин кафолатҳои ҳуқуқӣ васеъ гардид.
Дар ин бобат ислоҳотҳо ба ҳудудҳои дурдасти ҷумҳуриамон низ рафта расида истодааст. Хурсандиовар аст, ки дар натиҷа, занон аз ҷониби давлат дастгирӣ ва ҳимоя гардидани худро эҳсос мекунанд.
Аксияи аз ҷониби Вазорати адлия амалишавандаи «Дастгирии ҳуқуқии занону духтарон» низ барои чунин ислоҳот, хусусан, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии занону духтарон ва кӯмак расонидан ба онҳо хизмат мекунад.
Дар доираи аксияе, ки аз 1‑уми август то 30‑юми август идома дорад, аз ҷониби Садорати адлияи вилояти Самарқанд хона ба хона гаштан, қабулҳои сайёр, чорабиниҳои «Рӯзи адлия», «Рӯзи тарғиботи ҳуқуқӣ», ярмаркаҳои меҳнат, вохӯриҳо бо занону духтарон, сӯҳбатҳои гирди мизи мудаввар, омӯзишҳои доир ба ҳолати риояи ҳуқуқи занону духтарон ташкил мегардад.
Танҳо дар доираи маъракаи мазкур аз тарафи мақомоти адлияи вилоят барои занону духтарон зиёда аз 70 қабули сайёри оммавӣ ташкил карда шуд. Ба онҳо зиёда аз 1400 нафар занону духтарони вилоят ҷалб гардида, ҳимояи ҳуқуқии 195 нафар занону духтарон таъмин гардид. Ба беш аз 420 нафар кӯмаки аввалини ҳуқуқӣ расонида шуда, мушкилоти 269 нафар ба таври мусбат ҳал карда шуд. Ғайр аз ин, дар доираи аксия аз 114 муроҷиатномаи барои истифода қабулшуда 44‑тоаш қонеъ гардонда шуд.
Бояд рӯирост гуфт, ки дар кишварамон тамоми равандҳои бозсозии дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ рӯйдиҳанда аз душвориҳои муайян холӣ нестанд. Роҳ додан ба ин гуна ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон, махсусан занону духтарон низ, дар доираи омӯзиши аксия ва муроҷиатномаҳои ба мақомоти адлия омада инъикоси худро ёфтаанд.
Масалан, дар чаҳорчӯби аксияи мазкур 1074 ҳодисаи қонуншикании марбут ба манфиатҳои занону духтарон ошкор карда шуд. Онҳо ба соҳаҳои пардохтҳои иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғл, таълим, ҳуқуқи мулкдорӣ, бонкӣ ва кредитӣ, тандурустӣ ва ғайра дахл доранд. Аз рӯи ҳолатҳои муайяншуда аз ҷониби мақомоти адлияи вилоят 18 тақдимнома, 7 пешниҳод оид ба ҷавобгарии маъмурӣ, 4 аризаи даъво, 4 огоҳинома ворид гардида, дар натиҷа, 267 ҳуҷҷат бекор карда шуд. Ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудани 1 нафар масъул ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани 5 нафари дигар таъмин гардид.
Азиза Чилманова, ки дар яке аз мактабҳои миёнаи умумии ноҳияи Кӯшработ кор мекунад, ҳангоми дари адлияро боз намудан интизор набуд, ки мушкилоташ ин қадар зуд ҳал мешавад. Бо вуҷуди он, ки ӯ моҳи марти соли равон ба таътили меҳнатӣ рафта буд, то ҳол пули он дода нашудааст. Ин масъала ба воситаи адлия дар ду рӯз ҳалли худро ёфт.
Бесабаб нест, ки мо суханро бо ноҳияи Қӯшработ, ки яке аз ҳудудҳои дурдасттарини вилоят аст, вобаста кардем. Дар ноҳияи Қӯшработ, ки бо вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ ҳаммарз аст, беш аз 69 ҳазор занону духтарон зиндагонӣ мекунанд. Аз ҷониби Шӯъбаи адлияи ноҳия барои таъмини манфиат, ҳуқуқҳои занону духтарон гузаронидани як қатор чорабиниҳои амалӣ идома дорад. Бахусус, дар коллеҷи омӯзгории ноҳия аз ҷониби шӯъба чорабинии ҳуқуқӣ гузаронида шуда, муроҷиати занону духтарони ҳудуд шунида шуд. Нахуст, дар бораи имтиёзҳое, ки дар қонунгузорӣ ба занон дода шудаанд, имконияту шароитҳои дар сатҳи ноҳияву вилоят фароҳам овардашуда, ислоҳотҳое, ки аз ҷониби роҳбари давлатамон дар ин самт амалӣ мегардад, маълумот дода шуд. Дар қабули сайёр мушкилоти ҳуқуқие, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, шунида шуд.
Тибқи фармоиши вазири ҳифзи тандурустӣ таҳти рақами 200 «Дар бораи тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаронидани ходимон» муқаррар шудааст, ки ходимони муассисаҳои таълимии томактабӣ дар як сол ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Ҳарчанд дар моддаи 360‑уми Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, моддаи 6‑уми «Қонун дар бораи мақоми педагог», дар муассисаҳои давлатии ҳифзи тандурустӣ аз муоинаи тиббӣ ройгон гузаронидани ходимон муқаррар шуда бошад ҳам, шӯъбаи эпидемиологии санитарӣ ва саломатии ҷамоатии ноҳия аз ходимони ташкилоти таълими томактабии давлатии рақами 33-и ноҳия барои аз муоинаи тиббӣ гузаштан беасос пардохт талаб кардааст. Бо дахолат кардани шӯъбаи адлияи ноҳия ба вазъият, муоинаи тиббии ройгон таъмин карда шуд.
Сокини маҳаллаи «Истиқлол»-и ноҳияи Қӯшработ Барно Ҷонибекова, модари 2 нафар фарзанд аст. Бо назардошти вазъи иҷтимоии оила ӯ хостааст, барои гирифтани кӯмакпулии кӯдакони оилаҳои камбизоат ариза супорад. Аммо кормандони ташкилоти дахлдор ба далели ҷой доштани иштибоҳ дар системаи электронии марбут ба маълумоти шахсии ӯ муроҷиаташро рад карданд. Баъди ин вай ба шӯъбаи адлияи ноҳия барои ёрӣ муроҷиат кард.
Шӯъбаҳои сабти далолатномаҳои ҳолати шаҳрвандӣ барои кор бо оилаҳо, занону духтарон мактабҳои самаранок ба ҳисоб мераванд. Сабаб он аст, ки ба ин идораи назди шӯъбаи адлия ҳар рӯз даҳҳо ва садҳо нафар одамон меоянд. Дар миёни онҳо занону духтарон аксариятро ташкил медиҳанд ва вобаста ба ҳар як муаммои онҳо боз якчанд масъалаи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад. Аксияи «Кӯмаки ҳуқуқи ба занону духтарон» барои ворид шудан ба ин мушкилот, омӯхтани моҳияти масъала ва расонидани ёрии зарурии ҳуқуқӣ айни муддао шуд. Дар доираи аксия кормандони шӯъба якҷо бо ташкилотҳои масъул ба маҳаллаю хонадонҳо рафта, бо занону духтарон мулоқоти ошкоро ба роҳ монда истодаанд. Ин бошад, барои сари вақт рафъ намудани тазйиқ, зӯроварӣ ва дигар мушкилоте, ки занон дучор мешаванд, нақши калон дорад.
Бояд таъкид намуд, ки имрӯз 49,6 дарсади аҳолии вилоят, яъне 2 миллиону 45 ҳазору 100 нафарро айнан занону духтарон ташкил медиҳанд. Бо кор таъмин намудани онҳо бошад, яке аз вазифаҳои муҳимтарин мебошад.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 65 ҳазору 572 нафар занон бо кор таъмин гардиданд.
Аз ҷумла:
9163 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷойгир карда шуданд;
1728 нафар занону духтарон ба кори ҷамоатӣ таъмин гардиданд;
369 нафар ба ҳунармандӣ ҷалб карда шуданд;
4701 нафарашон аз ҳисоби ба мӯҳлати дароз ҷудо кардани замин хоҷагии деҳқонӣ ташкил карданд;
49611 нафар бо роҳи худ­машғулкунӣ бо кор таъмин гардиданд.
Инчунин, бисёр занону духтарон ба курсҳои бепули касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Дар ин ислоҳот «Ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ», ки мақомоти адлия дар ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои оила ва занону духтарон, ташкилотҳои ҳамкор мегузаронанд, мавқеи хоса дорад.

Салоҳиддин САТТОРОВ,
сардори Садорати адлияи вилояти Самарқанд.