Ovozi.uz

Меҳнати фидокорон эътироф шуд

Ба муносибати 33‑юмин солгарди иди истиқлоли кишварамон бо фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ фаъолони Самарқанд бо ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шуданд. Дар ҳокимияти вилоят маросими ба онҳо супоридани мукофотҳо баргузор шуд.
Дар аввали тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ҳозиринро бо Иди Истиқлол табрик гуфта, нафаронеро, ки барои рушди кишварамон саҳми худро гузошта, сазовори эътирофи сарвари давлатамон гардидаанд, муборакбод намуд.
— Шумо сокинони фаъол, фидоӣ, меҳнатқарини Самарқанд ҳастед, — гуфт Э.Турдимов. — Сазовори мукофоти давлатӣ шудан, маънои лоиқи эътирофи Президент шуданро дорад. Ин ба дили одам ҳисси ифтихорро пайдо мекунад. Барои он, ки ҳар як инсон дар давоми зиндагии худ вазифаи дар ӯҳда доштаашро бо шараф иҷро намояд, ба назари роҳбарият ноил мегардад, аз халқ дуо мегирад. Агар меҳнати вай шоёни қадрдонии роҳбари давлат шавад, қуввааш ду чандон зиёд мегардад. Инчунин, ин дигаронро низ ба фаъол шудан даъват менамояд. Шумо имрӯз муносиби чунин шараф гардидаед. Ҳамаи мо бо шумо фахр мекунем, роҳи ҳаёти ибратнокатонро ба дигарон ҳамчун намуна нишон медиҳем.
Имсол аз вилоятамон низ як гурӯҳ фидоиёни соҳаи худ, аз ҷумла, усто-ҳунармандон, нурониён, роҳбарони соҳибтаҷриба, кормандони соҳаҳои маориф, тиб ва маҳалла, соҳибкорон, боғдорон, намояндагони хоҷагии коммуналӣ, ходимони идораҳои ҳуқуқу тартибот бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар маросим ҳокими вилоят аз номи Президент мукофотҳои давлатиро ба соҳибони худ супурд.
Шахсони мукофот гирифта, ба сухан баромада, миннатдории худро изҳор намуданд.
— Ин мукофот дар оянда моро барои боз ҳам бештар меҳнат кардан, лоиқи ин эътироф шудан даъват менамояд, — гуфт соҳиби ордени «Дӯстӣ», раиси шӯъбаи бунёди «Нуронӣ»-и ноҳияи Ургут Фармон Азизов. — Мо нурониён бояд барои ҷавонон бо амали неки худ, бо дониш ва таҷрибаи худ, дар бунёд намудани Ӯзбекистони Нав кӯмак диҳем. Ман ин орденро на фақат аз они худам, балки мукофоти тамоми нурониён ва сокинони ноҳияи Ургут медонам. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳокими мӯҳтарами вилоятамонро низ бо сазовор гардидан ба мукофоти давлатӣ табрик мегӯям. Мо ҳама дар оянда барои халқамон ва Ватани азизамон фидокорона хизмат мекунем.
Дар анҷом барои иштирокчиёни маросим дастархони идона ташкил карда шуд.

Ш.КЕНҶАЕВ.