Ovozi.uz

Баррасии фаъолияти сармоягузорӣ, иҷрои ҳатмӣ ва адлия

Рӯзи 28‑уми августи соли равон сессияи яксаду дуюми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро С.Усмонов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ карданд.
Сипас ҷонишини сардори Садорати сармоягузорӣ ва савдои берунаи вилоят Ш.Собиров роҷеъ ба иҷрои чораҳои дар барномаи ҳаракатҳои «Ӯзбекистон — 2030» муайяншуда ва муяссар шудан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда ҳисобот дод.
— Тӯли моҳҳои январ-июли соли равон дар доираи лоиҳаҳое, ки сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб карда шудаанд, ҳамагӣ ба миқдори 535 млн. доллар сармоягузорӣ азхуд гардида, нисбати ҳамин даври соли 2023 суръати афзоиш 207,6 дарсадро ташкил кардааст.
40,5 дарсади сармоягузорӣ ва кредитҳое, ки бевосита дар вилояти Самарқанд азхуд карда мешаванд, ба ҳиссаи сармоягузорони Хитой, 15 дарсад ба Кипр, 13,8 дарсад ба Россия, 7,8 дарсад ба АМА, 6,7 дарсад ба Нидерландия ва ғайра рост меоянд.
Бо иштироки сармоягузории хориҷӣ 3‑то лоиҳаи калони арзиши умумиаш 14,2 миллион долларина амалӣ шуданд ва 85‑то ҷойи нави корӣ ташкил гардид. Ғайр аз ин, бар асоси барномаи тасдиқшудаи ҳудудии сармоягузорӣ роҷеъ ба ривоҷдиҳии иҷтимоӣ-­иқтисодии вилоят дар моҳҳои январ-июли соли 2024  452‑то лоиҳаи арзиши умумиашон 2,4 трлн. сӯмина роҳандозӣ шуда, беш аз 3 ҳазору 670‑то ҷойҳои нави корӣ ташкил гардиданд.
Умуман, дар солҳои 2024–2026 бо иштироки сармоягузории хориҷӣ роҷеъ ба амалӣ намудани 98‑то лоиҳаи арзиши умумиаш 2,3 миллиард долларина рӯйхати манзилнок таҳия карда шудааст. Дар доираи лоиҳаҳои мазкур соли равон аллакай аз худ кардани сармоягузориҳои хориҷӣ ба 1,1 миллиард доллар расонда мешавад.
Баъд аз ин ҳисоботи ҷонишини сардори Садорати вилоятии Бюрои иҷрои ҳатмӣ О.Тӯхтаев роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳаи садорат дар соли 2024 шунида шуд.
Вай ба муаммоҳое, ки ҳангоми ҳаракатҳои иҷро ба миён меоянд, эътибор дода, дар ҳалли онҳо аз намояндагони халқ кӯмак пурсид.
Дар сессия сардори Садорати адлияи вилоят Салоҳиддин Сатторов дар ахбори худ роҷеъ ба ҳолати эҷодкории норма ва амалиёти дастгирии ҳуқуқ гуфт, ки дар даври ҳисоботи садорати адлия ва шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявии он 78‑то лоиҳаи қарори меъёрӣ-­ҳуқуқии идораҳои давлатии маҳаллӣ тақдим карда шудааст. 69‑тои онҳоро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронда, ба лоиҳаи қарор хулоса дода шуд. 9‑то лоиҳаи қарор аз сабаби ба талаботи муайяншуда риоя накарда, тақдим шудани онҳо баргардонида шудаанд.
Дар даври ҳисобот 507 маротиба омӯзишҳо гузаронда, 84 ҳазору 184‑то ҳолатҳои риоя накардан ба қонун муайян гардид ва роҷеъ ба бартараф кардани онҳо ба корхона ва ташкилот, идораҳои дахлдор 887‑то тақдимнома, аз рӯи кашидан ба ҷавобгарии маъмурӣ 736‑то, ҷавобгарии ҷиноӣ 7‑то пешниҳод ва 76‑то огоҳинома фиристода шуд. Дар натиҷа, 182 нафар шахсро ба ҷавобгарии интизомӣ ва 731 нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.
Шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар 26‑то ташкилоти давлатӣ ва органҳои ҳокимияти маҳаллии давлатӣ омӯзиш гузаронда, 1037‑то ҳолати қонунвайронкуниро муайян кард.
С.Сатторов дар давоми сухани худ роҷеъ ба фаъолияти соҳаи хизматҳои ҳудудӣ, Маркази хизматҳои давлатӣ ва шӯъбаҳои давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба ҳуқуқ риоя накарданҳои вобаста бо мулки зеҳнӣ низ ахбор дод.
Дар сессия ҷонишини ҳокими вилоят А.Шукуров таъкид кард, ки дар кӯчаҳои Даҳбед ва Шоҳи зиндаи шаҳри Самарқанд сохтмони ду музейи калон ба нақша гирифта шудааст. Барои ин, тайёр кардани лоиҳаҳо ва кӯчондани ҷойҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҳудудҳое, ки ин сохтмонҳо пешбинӣ шудаанд, лозим аст. Бинобар ин, вай аз Шӯро барои созиш кардан бо соҳибони объектҳо аз рӯи масъалаҳое, ки бо амалӣ намудани компенсатсия ва пардохтҳои дигари бо онҳо вобаста рухсат пурсид.
Намояндагони халқ пурсиши мазкурро қонеъ намуданд.
Дар сессия, инчунин масъалаҳое, чун:
дар бораи созиш кардан аз рӯи консепсияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ таҳия кардааст;
тасдиқ намудани қарори ҳокими вилоят аз 24‑уми июли соли 2024 «Дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят» таҳти рақами 214–7–0-Қ/24;
тасдиқ намудани сохтори нави ташкилии аппарати идораи ҳокимияти вилояти Самарқанд;
тасдиқ кардани қоидаҳои намунавии тартиби дохилии меҳнати котибияти Шӯрои намояндагони халқи вилоят;
муайян намудани миқдори пардохтҳо барои объектҳои рекламаи беруна дар вилояти Самарқанд;
истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Сессия аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдорро қабул кард.