Рӯзҳои 27–28‑уми августи соли равон дар Маркази сайёҳии шаҳри Самарқанд дар чаҳорчӯби фестивали «Таронаҳои Шарқ» дар мавзӯи «Маданияти мусиқии халқҳои Шарқ: тамоюлҳои ҳамоҳангии эҷодӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд.
Дар конфронс олимони мусиқишинос, фолклоршинос ва маданиятшиноси 32 кишвари хориҷӣ, инчунин ректорони донишгоҳҳои бонуфуз ва роҳбарони марказҳои илмию эҷодӣ ширкат варзиданд. Ба конфронс мусиқишиносони зиёда аз 40 мамлакати ҷаҳон беш аз 100 мақолаи илмӣ, аз ҷониби олимони кишварамон 70 мақолаи илмӣ пешниҳод карданд. Олимони хориҷӣ ва маҳаллӣ дар он тавассути платформаи ZOOM низ иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс Вазири маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, Дабири кулли Созмони фарҳангии туркӣ — ТУРКСОЙ Султон Раев, ҷонишини директори Маркази мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО Хосаграхар Ҷоти Висвесвария, Президенти Бунёди фарҳанг ва мероси туркӣ Актотӣ Раимқулова, ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаров ба кори конфронс муваффақият таманно намуданд.
Аз ҷумла, вазири маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков қайд кард, ки конфронсҳои илмию амалии анъанавӣ дар доираи фестивали байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» дар омӯзиши таърих ва равандҳои рушди фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ аҳамияти бузург доранд. Ба иштирокчиёни конфронс «Капсулаи мақом» ҳамчун тӯҳфаи махсус тақдим карда шуд.
Дар конфронс коршиносони хориҷӣ ва маҳаллӣ масъалаҳои ҳамоҳангсозии санъати мусиқии миллӣ бо фарҳанги мусиқии кишварҳои туркӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар таълимро баррасӣ намуданд.
Дар чорабинӣ президенти Бунёди фарҳанг ва мероси туркӣ А.Раимқулова ба ташкилотчиёни фестивал барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ин чорабинии бонуфуз изҳори сипос намуд.
Дар доираи конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ ҷамъомади Иттиҳоди донишгоҳҳои санъати давлатҳои туркӣ дар назди Созмони фарҳанги туркӣ — ТУРКСОЙ низ баргузор шуд.
Дар он дабири кулли созмони ТУРКСОЙ Султон Раев, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мактабҳои олии иттиҳодия, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳою такмили ихтисоси онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Пас аз муҳокимаҳои васеъ резолютсияи Иттифоқи донишгоҳҳои санъати давлатҳои туркӣ қабул гардид.
Дар ҷамъомад Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ ба узвияти иттиҳодия пазируфта шуда, бо муассисаҳои таълими олии аъзо меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конфронси байналмилалӣ миёни раҳбарони муассисаҳои таълими олӣ ва марказҳои илмии байналмилалии Чин, Фаронса, Русия, Олмон, Гамбия, Уммон ва Урдун ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд.
Ба созишномаҳои ҳамкорӣ ташкили лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ, сафарҳои ҳунарӣ, фестивалҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, озмунҳо ва мактабҳои тобистона (зимистона), гузаронидани дарсҳои маҳорат аз ҷониби профессорону омӯзгорони варзидаи ҳарду тараф ва боз як қатор чорабиниҳои судманд дохил шуданд.
Эътибор ба маданияти мусиқии халқҳои Шарқ меафзояд
