Ovozi.uz

Ба Баҳодур Ҷалолов ва Ҳасанбой Дӯстматов пеш аз мӯҳлат унвони подполковник доданд

Ҳарду муштзан, хизматчии ҳарбии гвардияи миллӣ, бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳои шоён» ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо низ сарфароз гардиданд. Генерал-майор қумандони гвардияи миллӣ Рустам Ҷӯраев ба иштирокчиёни бозиҳои Олимпии «Париж -2024» хизматчиёни гвардияи миллӣ капитан Баҳодур Ҷалолов ва Ҳасанбой Дӯстматов унвони подполковникро супорид. Дар ин бора хидмати Матбуоти идора хабар медиҳад. Инчунин, ба сармураббии ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон оид ба бокс Тӯлқин Қиличев, мураббиии калони ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон Раҳматҷон Рӯзиохунов, ва сармураббии ҷамоаи яккачини занони Ӯзбекистон, подполковник мураббии калони маркази омӯзишии Ихтисосонидашудаи гвардияи Миллӣ Элшод Расулов нишони сарисинагии «Ходими фидоии гвардияи Миллӣ» муносиб дониста шуд.