Аз тарафи Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии мактабҳои ҳамагонии ҷумҳурӣ, масканҳои таълимие, ки авлоди кӯҳнаи компутерҳоро доранд ё умуман синфхонаҳои компутреӣ надоранд, бо компутреҳои замонавӣ таъмин мегарданд.
Ҳоло дар вилояти Самарқанд 1272 мактаби таълими умумӣ амал мекунад, ки ҳамаи онҳо синфхонаҳои компутерӣ доранд. Соли ҷорӣ ба 147 мактаби ҳамагонии вилоят 17 ададӣ, дар маҷмӯъ 2499 компутери замонавӣ ва ба ҳар як синф яктоӣ кондитсионер тақдим карда шуд.
– Солҳои охир бобати мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии мактабҳои ҳамагонӣ чорабиниҳои судманд амалӣ мегарданд, — гуфт ҷонишини якуми сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Озод Ҷангиров. – Мо бояд аз ин имкониятҳо ва компутерҳои замонавӣ босамар истифода бурда, ба шогирдони худ асрори технологияҳои муосирро хубтар омӯзем то дар оянда аз байни онҳо мутахассисони пешқадами технологияҳои иттилоотӣ, ихтироъкорон ба камол расанд.
