Ovozi.uz

Панелҳои офтобӣ: мусоид, самаранок, умедбахш

Имрӯзҳо дар кишварамон ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф, насби панелҳои офтобӣ як қатор имконият ва имтиёзҳои андозӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар вилояти Самарқанд насби панелҳои офтобӣ бо иқтидори 10,9 МВт ба 1074 объекти бахши иҷтимоӣ ва муассисаҳои давлатӣ, ба 369 субъекти соҳибкорӣ 18,5 МВт ва ба 3250 хонавода 17,6 МВт пешбинӣ шудааст.
То ҳол дар 949 иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва идораҳои давлатӣ панелҳои офтобӣ бо иқтидори 16,18 МВт насб карда шуда, иҷрои нақша 149,1 фоиз таъмин гардид.
Ҳамчунин, дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотии байни соҳибкорон дар 882 субъекти хоҷагидорӣ 17,48 МВт панелҳо насб гардида, шумораи соҳибкороне, ки ҳар моҳ аз ҳисоби фурӯши нерӯи барқи тавлидшуда ба шабака даромад ба даст меоранд, низ меафзояд.
Панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ба маблағи 409,79 миллион доллар, ки дар анборҳои гумрукии муассисаҳои соҳибкорӣ нигоҳ дошта мешаванд, бо тартиби соддакардашуда барои гузаштан ба низоми ниҳоии гумрукӣ расман гузаронида шуда, дар иншоотҳо насб карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки шахсони воқеие, ки хонаҳои худро бо нерӯи барқ (барои масоҳати замини насбшуда) бо чунин дастгоҳ таъмин мекунанд, ба мӯҳлати 3 сол ва субъектҳои соҳибкорӣ ба мӯҳлати 10 сол аз андози замин ва амвол озод карда мешаванд. Дар навбати худ, шахсони воқеӣ метавонанд барои 3 сол бефоиз, бо шарти қисм-қисм пардохт кардани батареяҳои офтобӣ харидорӣ намуда, аз кредитҳои бонкҳои тиҷоратӣ истифода баранд. Дар ин ҳолат, пардохтҳои қисман то 5 киловатт дода мешаванд.