Ҳайате бо сарварии президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) Чанг Вон Сам ба Самарқанд ташриф овард.
Агентии мазкур бо роҳи кӯмаки техникӣ, дастгирии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ, инчунин, мустаҳкамсозии робитаҳои шарикӣ бо давлатҳои ҳамкор дастурҳои ёрии беминнатро амалӣ менамояд. Дар асоси ин фаъолият, дар тӯли ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон агентии КОICА зиёда аз 40 лоиҳа ва дастурҳои рушдро амалӣ менамояд, ки қимати онҳо зиёда аз 270 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо портфели лоиҳаҳои ҷории дар Ӯзбекистон буда дар самти таълим ва такмили ихтисос 47,9 миллион, дар самти ҳифзи тандурустӣ 19,5 миллион, дар самти идораи давлатӣ 42,69 миллион, дар самти рушди сабз 13,3 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳайат нахуст бо фаъолияти маркази таълими касбу ҳунар шинос шуд, ки аз ҷониби KOICA дар шаҳри Самарқанд бунёд гардидааст. Дар марказ имрӯзҳо аз рӯи 6 касби замонавӣ, 3 забони хориҷӣ ва лоиҳаҳои соҳибкориву тиҷоратӣ курсҳо ташкил карда шудаанд. Ҳоло дар онҳо 280 нафар ҷавон касбу ҳунар ва зиёда аз 200 нафари дигар забонҳои хориҷӣ ва асрори соҳибкориву тиҷоратро меомӯзанд.
Ҳайат бо ҳамроҳии роҳбари марказ Исмоил Эргашев аз ҷараёнҳои касбомӯзӣ дидан ва бо таълимгирандагон мулоқот кард. Дар охири ташриф бо масъулини марказ доир ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ мулоқот гузаронида шуд.
— Мақсад аз ташрифи мо дидани ҳолати лоиҳаҳое, ки аз ҷониби KOICA амалӣ мешаванд, мебошад, — гуфт Чанг Вон Сам. — Бо фаъолияти ин марказ шинос шуда, шод шудам. Боиси хурсандии мост, ки мақсадҳои мо натиҷаи худро медиҳанд. Боварӣ дорам, ки дигар лоиҳаҳои дар Ӯзбекистон ҷорӣ намудаи мо ҳам самаранок амалӣ мешаванд. Дар ҷараёни аз назар гузаронидани фаъолияти марказ шавқи баланди шаҳрвандонро ба касбомӯзӣ дидам, ки маро хеле руҳбаланд кард. Нақшаҳои ояндаамон бо омода намудани кадрҳои болаёқат барои соҳаи саноат вобаста мебошанд. Дар ин самт низ ҳамкориҳо хоҳем кард.
Дар вохӯрии президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея Чанг Вон Сам бо ҷонишини якуми ҳокими вилояти Самарқанд Фирӯз Абилов ҳам ҷонибҳо дар бораи густариши робитаҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла, масъулони ҳокимият аҳамияти муҳими лоиҳаҳои KOICA-ро дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии Самарқанд эътироф намуда, таъкид карданд, ки мехоҳанд ғайр аз соҳаи техникӣ, дар соҳаи тиб низ ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Хусусан, лоиҳаҳо доир ба ташкили маркази баҳогузории малакаи ходимони тиб дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва боз ҳам ривоҷ додани сохтори ёрии таъҷилии вилоят тақдим карда шуданд.
Ҳайати Корея аз ҷойҳои ҷолиби диққати Самарқанд низ дидан кард.
Ғ.ҲАСАНОВ
Ташрифи президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея ба Самарқанд
