Ovozi.uz

Дар доираи аксия 70 ҳазор дона гул тӯҳфа гардид

Якчанд сол боз дар доираи аксияи «Самарқандро гулпӯш намоем! 1+10» ва ҳаракати гулдӯстдорони ҷавон «Ҳар як донишомӯз гули худро дошта бошад!» гул ва растаниҳои гуногун, ки дар хона-музейи Ориф Гулханӣ парвариш меёбанд, ба корхона, ташкилот ва муасисаҳои вилоят, инчунин одамони гулдӯстдор тӯҳфа карда карда мешаванд.
Дар асоси чорабиниҳои «Макони сабз» наздик 800 ҳазор гулҳо тақсим гардидаа
Муассиси хона-музейи Ориф Гулханӣ Муқимҷон Орифӣ ба шӯъбаи таълими томактабӣ ва мактабии шаҳри Самарқанд 70 812 дона гулҳои флора ва тухмии онро тӯҳфа намуд, то ба мактабҳо тақсим намоянд. Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил гардид, ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев, аъзои Сенати Олий Маҷлис, журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон Фармон Тошев, вакилони соҳаи таълим, шоиру нависандагон ширкат варзиданд.
Дар он Ҳ.Тӯхтаев сипосномаи ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимовро хонд. Дар он зикр гардидааст, ки ҳокимият аксияи мазкури Муқимҷон Орифиро дастгирӣ мекунад ва бардавомии ин гуна корҳои хайрро мехоҳад.
— Якчанд сол боз Муқимҷонака дар доираи чорабиниҳои «Макони сабз» ба мактабҳо гул тӯҳфа мекунад, — аъзои Сенати Олий Маҷлис Ф.Тошев. — Дар ин хона-музей зиёда аз 100 навъи гул парвариш карда мешавад, ки аз 70 кишвари ҷаҳон оварда шудаанд. Мо имрӯз бояд ин таҷрибаро оммавӣ созем.
— Ман дар мактаб ба донишомӯзон дар бораи ҳифзи табиат ва дӯстдоштани растаниҳое, ки манбаи кислороди тоза мебошанд, дарс мегузарам, — гуфт омӯзгори фани биологияи мактаби таълими умумии рақами 39-и шаҳри Самарқанд Фирӯза Мизробова. — Мактаби мо гулпӯш шудааст, ки ин низ муносибати хонандаҳоро ба табиат беҳтар мегардонад. Дар доираи аксия ҳам аз гулҳои зебо бо худ мебарем. Барои ин ба ташкилотчиён миннатдорӣ баён мекунам.
Аксия бо мақсади бедор кардани ҳиси меҳру муҳаббат нисбат ба табиат ва гулу растаниҳои он, ҳавасманд кардани одамон ба ободонии хона, муассисаҳои кориву таълимӣ ва барпо намудани гулзорҳо ташкил гардид.